Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

11.2. Мазмун ва қоидаҳои асосии банақшагирӣ

Ҷараёни банақшагирӣ ин муайян кардани вазифа ва мақсадҳои ташкилот, муайян кардани стратегияи умумӣ барои ба ин мақсадҳо расидан, инчунин коркарди сохтори пайдарпайии нақшаҳои ташкилотро барои муттаҳид сохтан ва ҳамоҳангсозии фаъолияти шӯъбаҳои он меноманд. Ҳамин тариқ, ташкили банақшагирӣ барои муайян кардани мақсадҳо ва усулҳои ба мақсад расидан алоқаманд мебошад. Банақшагирӣ метавонад, ки расмӣ ва ғайрирасмӣ бошад. Қайд кардан зарур аст, ки тамоми менеҷерон банақшагирӣ доранд, лекин дар баъзе ҳолатҳо онҳо дар ҳуҷҷатҳо дарҷ намегарданд. Аксари чунин банақшагирӣ дар корхонаҳои хурд амалӣ мегарданд. Чунин нақшаҳо хислати умумӣ дошта, кӯтоҳмуддат мебошанд.

Барои аниқ амалӣ гаштани банақшагирӣ ва назорати он зарур мебошад, ки онҳо бо ҳуҷҷатҳо мустаҳкам карда шаванд. Барои иҷро кардани ҳар як вазифа барномаи мушаххаси фаъолият тартиб дода мешавад ва менеҷерон дар шакли мушаххас роҳҳоеро муайян месозанд, ки онҳо бояд фаъолият намоянд. Асосан, чор зарурияти банақшагириро муайян менамоянд:

маҳз дар асоси банақшагирӣ мо метавонем, ки таъсири муҳити дохила ва берунаи ташкилотро кам кунем;

бо ёрии банақшагирӣ муайян кардани роҳҳои инкишофи ташкилот;

дуруст истифодабарии захираҳои корхона, аз он ҷумла қувваи кориро таъмин месозад;

дар асоси банақшагирӣ стандартҳо муайян карда мешаванд, ки барои назорати ояндаи фаъолияти корхона зарур мебошанд.

Дар асоси банақшагирӣ қувваи тамоми коргарони корхона ҳамоҳанг сохта мешаванд. Банақшагирӣ барои менеҷерон ва дигар коргарон равандҳои асосии фаъолиятро нишон медиҳад. Вақте коргарон медонанд, ки корхона ба кадом тараф ҳаракат мекунад, қувваи худро бо дигар коллективҳои корхона ҳамоҳанг сохта, ҳамчун як гурӯҳ кор мекунанд.

Маҳз команда номуайяниро аз байн мебардорад, менеҷерон имконият пайдо мекунанд, ки ба оянда назар афкананд, тағйиротҳои ояндаи корхонаро бо тағйирёбии муҳити беруна бо назардошти он дар оянда пешбинӣ намоянд.

пешина
аз 465
навбатӣ