Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
Аз дигар тараф имрӯзҳо дар аксари ширкатҳои хориҷӣ ҷараёни мақсадҳои оперативиро қабул кардани худи коргарон дида мешавад. Ин мазмуни онро дорад, ки коргарони оддӣ дар раванди идоракунии корхонаҳо иштирок намуда, барои ба мақсад расидан ва иҷрои нақша кӯмак мерасонанд. Дар расми 3 мисоли пайдарпаии мақсад нишон дода шудааст.
Бо мақсади он, ки ҷараёни қабули қарор ба уҳдадории фармони ташкилот мубаддал нагардад, як қатор қоида ва пешниҳодҳое мебошанд, ки бояд мақсадҳо дошта бошанд.
Мақсади ташкилот дар ҳама зинаҳо бояд, ки тавсифи зеринро дошта бошанд:
-
Аниқ ва ченшаванда, яъне аз рӯи имконият мақсадҳо бояд нишондиҳандаҳои миқдорӣ дошта бошанд. Мисол «зиёд кардани фоида ба 10%» ё ин ки «баланд бардоштани музди меҳнат 26%» ва ғайра.
-
Тамоми натиҷаҳои асосиро дар бар гирифтан.
-
Мақсадҳои воқеӣ, аммо мушкил ба даст оянда.
-
Аниқ муайян кардани вақти иҷроиш.
-
Алоқаи бевосита ба дараҷаи ҳавасмандкунӣ.
Ҳамин тариқ, агар мақсадҳо пурра 5 тавсифи номбаршударо дар бар гиранд, он гоҳ амалӣ гардидани онҳо, инчунин вобаста аз ин иҷроиши нақшаҳо кафолат дорад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо