Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Тасдиқи ҳолати ояндаи корхонаро мақсади стратегӣ меноманд. Ин мақсадҳо на ба шӯъбаҳои алоҳида, балки пурра барои ташкилот равона мебошад.
Мақсадҳои стратегии ташкилотро мақсадҳои расмӣ низ меноманд, чунки дар онҳо равандҳои асосии ояндаи корхона нишон дода шудааст. Бояд қайд кард, ки фоида набояд мақсади асосии стратегии ташкилот бошад. Ба ақидаи Питер Друкер, ташкилот асосан мақсадҳои стратегияшро бояд ба бахшҳои зерин равона созад:
❖ мавқеи бозор; ❖ навобарии ташкилот; ❖ ҳосилнокии меҳнат; ❖ захираҳои ашёвӣ ва молиявӣ; ❖ фоиданокии ташкилот; ❖ фаъолияти идоракунӣ ва инкишофи он; ❖ фаъолияти меҳнатӣ ва сиёсати кадрӣ; ❖ ӯҳдадориҳо дар назди ҷамъият.

Дар нақшаҳои перспективӣ дар оянда мутобиқшаванда бошад, ҳаракатҳо, роҳҳо ва қадамҳое, ки ташкилот барои ба мақсадҳои стратегӣ расидан ва тақсимоти захираҳо равона мекунад, ба назар мерасад. Нақшаҳои стратегӣ характери дарозмуддатиро доранд ва амалашон дар мӯҳлати аз 2 то 5 сол равон карда мешавад. Мисол, ҶММ «Диловар-ДДМТ» ба нақша гирифтааст, ки дар 3 соли оянда ҳаҷми маҳсулоти худашро 25-30% зиёд намояд.

Барои ба даст овардани мақсади нақшаи стратегӣ чунин нақшаҳои ҳаракат қабул шудааст:

  1. Ҷудо кардани захираҳо барои истеҳсоли моли нав бо сифати баланди бозорӣ.
  2. Азнавсозии усулҳои истеҳсолот, ки зиёдшавии истеҳсоли молро имкон диҳад.
  3. Барпо намудани сарчашмаҳо ва роҳҳои истеҳсоли имконпазири маҳсулот ва хизматрасонӣ.

Натиҷае, ки бояд корхона ва шӯъбаҳои он ба даст биоранд, мақсадҳои
тактикӣ номида мешаванд. Масъулият ва ҷавобгариро барои ба мақсад расидан

пешина
аз 465
навбатӣ