Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
Асосноккунӣ - мувофиқи мақсади асосии корхона ахбор доир ба хусусиятҳои хос ва мақсадҳои он ё худ зарурияти мавҷудияти корхона ҷойгир карда шудаанд. Чунин як асосноккунӣ барои ҷамъият, ва гурӯҳи одамони манфиатдори муҳит, аз ҷумлаи сармоягузорон, молтаъминкунандагон, истеъмолкунандагон зарур мебошад, чунки ахбор доир ба мақсади корхона боиси диққатҷалбкунии одамон, фаъолияти корхонаро баҳо додани онҳо, инчунин барои худи коргарони корхона хеле муҳим мебошад. Онҳо мақсади дар пеши худ гузоштаро кушоду равшан мебинанд, ҳаракати ба он расиданро мекунанд.
Сарчашмаи мотиватсия ва диққатҷалбкунӣ. Дар баробари донистани мақсад, коргарон, инчунин медонанд, ки онҳо барои иҷрои кадом фаъолият равона карда шудаанд, корхона ва сохторҳои таркибии он бо чӣ кор машғуланд.
Мақсад ба саволи «барои чӣ корхона ва сохтори таркибии вай вуҷуд доранд», ҷавоб мегӯяд. Нақша бошад нишон медиҳад, ки кадом амалиётҳоро барои ба мақсад расидан иҷро намоянд. Мақсад ва нақша қарорро бо корхона пурра шинос менамояд ва коргаронро ҳавасманд намуда, имконият медиҳад, ки онҳо дараҷаи номуайяниро аз байн бардоранд ва нишонагирии аниқ дошта бошанд.
Дастурамал барои фаъолият. Мақсад ва нақшаҳо роҳи ҳаракати корхонаро муайян сохта, диққати коргаронро барои иҷрои вазифаи мушаххас ҷалб карда, имкон медиҳад, ки тамоми қувваро якҷоя карда ба мақсад бирасанд.
Асос барои қабули қарор. Вазифаҳоро муайян намуда, нақша сохта менеҷерон ахбор пайдо мекунанд, ки ташкилот барои кадом мақсад ҳаракат дорад. Бинобар ин ҳамон хел қароре қабул мекунанд, ки мақсади корхонаро таъмин менамояд, яъне сиёсати дохилии корхонаро фаъол гардонида, фаъолият, сохтор, маҳсулот ва хароҷоти дар асоси нақша коркардашударо барои гирифтани натоиҷи мақсаднок равона месозад. Қарори идоракунӣ дар ҳама дараҷаҳои худ бояд ба нақшаи қабулшуда мувофиқат намояд.
Стандартҳои фаъолият. Мақсадҳо натиҷаи фаъолияти корхонаро муайян
месозанд ва ҳамчун ченаки баҳо додани он баромад мекунанд. Агар дар пеши
корхона вазифа истода бошад, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот 15% баланд
бардошта шавад ва дар ҳақиқат ҳаҷми маҳсулот 17% баланд шуда бошад, он
гоҳ маълум мегардад, ки менеҷерон хуб кор карда, аз иҷрои стандарти
қабулшуда баромадаанд. Мисоли дигар, аз фаъолияти менеҷменти ширкати Dn

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо