Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

11.1. Мақсад, масъалагузорӣ ва банақшагирӣ дар ташкилот

Ҳанӯз 40-сола нашуда, «кӯдак» аз рӯи баҳои клуби миллиардерҳои амрикоӣ - Билл Гейтс дуюмин одами бойтарини ШМА гардид. Ширкати ӯ - сарчашмаи асосии энергия барои аксари ширкатҳои калонтарини дунё мебошад. Ҳар яке аз мо низ, ҳар рӯз ба маҳсулоти ин ширкат - Microsoft Word, Windows рӯбарӯ мешавем, даромад ва нархи аксияи истеҳсолкунандагони ин системаи ахборӣ нисбати системаҳои дигар доимо ҳамчун системаи баланд вуҷуд доранд: Аммо Билл Гейтс дар андешаи ояндаи ширкат мебошад. Вай хуб медонад, ки шоҳи барномаҳои ҷаҳон будан ин хеле ҳам хуб аст, аммо чӣ бояд кард, ки обрӯи ширкат паст нашавад. Вай мақсад дорад, ки барномаи "Microsoft"-ро дар ҳар як кунҷи системаи интернет ҷой кунад, то ки аз навигариҳои техникӣ бохабар шаваду касе аз ӯ пеш нагузарад. Агар Б.Гейтс ин нақшаи худро ҷорӣ намояд, он гоҳ дигар ҳамаи навигариҳо дар зери назорати ӯ мебошанд. Барномаҳои Microsoft доимо ҳамроҳи Шумо мешавад, дар хона, дар сафар ва ғайра.

Акнун саволҳое ба миён меоянд, ки оё Билл Гейтсро зарур аст, ки барои барномаи нав маблағгузории калон кунад? Ҳол он ки ӯ метавонад ба ҳамон барномаҳое, ки ширкатро пешвои ҷаҳониён намудааст, қаноат карда, онро давом диҳад. Агар Шумо дар ҷои Гейтс мешудед, чӣ кор мекардед?

Вақте, ки ташкилот ё ширкат (мисоли дар боло гуфтаи мо, Microsoft) дар дараҷаи баланди муваффақиятҳо мебошад, аксари менеҷерҳо, ва ҳатто коргарони оддӣ доир ба ояндаи корхона фикр намекунанд. Аммо Гейтс нағз медонад, ки яке аз вазифаҳои асосии пешво ин муайян кардани ҷое, ки ширкат дар оянда бояд қарор дошта бошад ва муайян кардани роҳи ҳаракате, ки ба мақсад мерасонад.

Дар баъзе корхонаҳо, асосан корхонаҳои хурд, банақшагирӣ хислати ғайрирасмиро дорад, аммо дар аксари корхонаҳои калон ва хурди ояндадор менеҷерон аз рӯи нақшаи муайяншуда кор ва фаъолият менамоянд.

Дар ташкилот пеш аз ҳама мақсади асосии корхона муайян карда мешавад ва баъдан дар вазифаҳо ва нақшаҳо аниқ карда мешаванд.

Маҳз банақшагирӣ, яке аз функцияҳои асосии менеҷмент мебошад, ки бо худ як қатор зиддиятҳо ва гуногунрангии идоракуниро дорад. Баъзе олимон бар он ақида мебошанд, ки банақшагирӣ озодии қобилиятро маҳдуд карда, барои ба

пешина
аз 465
навбатӣ