Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

1.1. Мафҳуми менеҷмент ҳамчун илм ва фанни таълимӣ

Пайдоиш ва инкишофи менеҷмент ҳамчун илм паҳлӯҳои гуногуни худро дошта, аз як тараф агар характери назариявии таърихии пайдоиш дошта бошад, аз тарафи дигар таърихи ташаккулёбии иқтисодию географию низ дорад, ки вобаста ба дараҷаи инкишофи иқтисодӣ, шаклу усули хоҷагидорӣ ва урфу одати одамон ва мавқеи географии ҷойгиршавии онҳо дар давраҳои гуногуни таърихӣ инкишоф ёфтааст.

Рушди иқтисодиёт одамонро маҷбур месозад, ки оиди ҳар чӣ хубтар зиндагӣ намудан, бисёртар манфиат ба даст овардан, инчунин соҳибдорӣ намудани қисми муайяни захираҳо фаҳмиш ва андешаи густурдаю амиқ дошта бошанд. Аз ин нуқтаи назар менеҷментро ҳамчун фаъолияти касбӣ ва мақсаднок барои истифодаи дурусти захираҳои моддӣ ва меҳнатӣ бо усулҳои иқтисодии идоракунӣ равонашудан одамон муайян кардан мумкин аст.

Менеҷмент ҳамчун мафҳуми илмию амалӣ дар илми иқтисодӣ ҳанӯз аз аввалҳои асри XX ба миён омадааст. Ин фаҳмиш аввалан дар ШМА ва баъдан ба дигар кишварҳо паҳн гаштааст.

Менеҷмент калимаи англисӣ (management) буда, якчанд мафҳумро ифода мекунад: - идоракунӣ; роҳбарият; дирексия, ӯҳдабароии кор, ё идораи воситаҳо.

Менеҷмент ҳамчун илм идоракунӣ, роҳбарӣ ва ташкили истеҳсолот, қоидаҳо ва усулҳои идоравиеро фаро мегирад, ки бо мақсади баландбардории самаранокии истеҳсолот ва манфиат равона карда шудааст.

Дар давоми инкишофи худ менеҷмент аз системаи илмию амалии дониш ба як илми алоҳидаи касбӣ табдил гаштааст, ки аз аввалҳои асри XX сар карда, дар аксари мактабҳои давлатҳои тараққикарда, ҳамчун илми алоҳида омӯхта ва таълим дода мешавад.

Дар солҳои охир асосан мафҳуми менеҷментро панҷ-шаш раванд баҳо медиҳанд:

  1. Менеҷмент ҳамчун илми идоравӣ.
  2. Санъати идоракунӣ ва ҳукмронӣ.
  3. Қобилияти кордонӣ ва фикрронӣ.
пешина
аз 465
навбатӣ