АСОСҲОИ АЛГОРИТМ ВА БАРНОМАСОЗӢ БО ЗАБОНИ PYTHON

Истифодаи буридаҳо барои коркарди сатрҳо Забони барномасозии Python аксар вақт аз буридан истифода мебарад, ки қисмати мушаххаси сатрро барои коркард муайян мекунад. Ифодаи буридан чунин менамояд: [X:Y]. X оғози буридан ва Y анҷом аст. Аломате, ки индекси Y дорад, ба буридан дохил карда нашудааст. Пешфарз, индекси аввал 0 ва индекси дуюм дарозии сатр аст.
Масалан, s[3:8] аломатҳои аз 3 то 7-и сатри s-ро ифода мекунад (яъне то аломати 8, вале бе дохил кардани аломати 8).
s = 'Душанбе'
print(s[2:]) # шанбе print(s[:3]) # Душ print(s[:3] + 'ABC' + s[3:]) print(s[::-1]) # ЕБНАШУД print(s[::2]) # Дшне
Усулҳои сатрӣ
Python барои кор бо сатрҳо усулҳои зиёди дарунсохт дорад.
Усулҳои upper() ва lower() ҳарфҳоро мутаносибан ба шакли калон ва хурд табдил медиҳанд. title() ҳарфи аввали ҳар калимаро калон ва ҳарфҳои дигари онро хурд мекунад.
s = 'душанбе'
s1 = s.upper() s2 = s.lower() s3 = s.title() print(s1, s2, s3) Усули split() бе аргумент сатрро аз рӯйи фосилаҳо ва дигар аломатҳои ҷудокунандаи сафед ба калимаҳо ҷудо мекунад.
s = 'Душанбе Сешанбе Чоршанбе'
print(s.split()) Усули join() пайдарпайии сатрҳоро бо ҷудокунандаи интихобшуда пайваст мекунад. Ҳамаи унсурҳо бояд сатр бошанд.
days = ['Душанбе', 'Сешанбе', 'Чоршанбе'] print('-'.join(days))
4 Усули find бо зерсатрҳо кор мекунад. Он зерсатрро дар сатр ҷустуҷӯ мекунад ва индекси унсури аввали зерсатри ёфтшударо бармегардонад.
Агар зерсатр ёфт нашавад, он -1-ро бармегардонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё