АСОСҲОИ АЛГОРИТМ ВА БАРНОМАСОЗӢ БО ЗАБОНИ PYTHON

САТРҲО ВА АМАЛҲО БО ОНҲО
Сатр (str) пайдарпайии тағйирнопазири аломатҳои Unicode мебошад.
Он барои нигоҳ доштани матн истифода мешавад. Сатрро дар нохунакҳои якгона ё дугона менависем. Монанди рӯйхат, ба аломатҳои сатр бо индекс дастрасӣ мегирем, вале аломати алоҳидаи онро бевосита иваз карда наметавонем.
s = 'Ин як сатр аст'
print(s[0]) print(repr(s[5:])) Натиҷа:
И 'сатр аст'
Буриши s[5:] аз аломати индекси 5 оғоз мешавад; дар ин мисол он фосила аст. repr() натиҷаро бо нохунак нишон медиҳад, то фосилаи аввали он намоён бошад.
Масалан, ҳарфи кириллии «а»-ро дар сатр бо «б» иваз мекунем.
Ҳарфҳои лотинӣ ва кириллии зоҳиран монанд аломатҳои гуногунанд.
s = input('Сатрро ворид кунед: ') s1 = ''
for c in s:
if c == 'а':
c = 'б'
s1 += c print(s1)
Дар ин мисол ҳарфҳои кириллии «а» ва «б» истифода шудаанд. Барои ҳамин амал роҳи кӯтоҳтар низ ҳаст: s1 = s.replace('а', 'б'). Сатри аслӣ тағйир намеёбад; натиҷа сатри нав аст.
Илова бар ин, аксар вақт коркарди сатри матнӣ зарур аст: қисми онро (зерсатр) ҷудо кардан, ду сатрро ба як сатр муттаҳид кардан ё қисми сатрро нест кардан.
Масалан, барои (пайваст кардани) сатрҳо, оператори '+' истифода мешавад. Ин амалиёт пайвасткунӣ номида мешавад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё