АСОСҲОИ АЛГОРИТМ ВА БАРНОМАСОЗӢ БО ЗАБОНИ PYTHON

АЛГОРИТМҲОИ ДАВРӢ
Пайдарпайӣ, шохабандӣ ва давр се сохтори асосии барномасозии сохторӣ мебошанд.
Тавре ки медонед, даврӣ ин иҷрои такрории ҳамон амалҳо мебошад.
Даври for унсурҳои пайдарпайиро мегирад; даври while иҷрои такрорро аз рӯйи шарт идора мекунад. Интихоби онҳо аз алгоритми масъала вобаста аст.
Биёед ба истифодаи даври for муфассалтар назар кунем. Даври for дар забони Python аз рӯи схемаи зерин навишта мешавад:
Дар ҳар такрори for тағйирёбанда унсури навбатиро мегирад.
Масалан, letter ҳарфҳои сатри «ВАҲДАТ»-ро пайдарпай қабул мекунад.
for letter in 'ВАҲДАТ':
print('Ҳарф:', letter) Ҳарф: В Ҳарф: А
Ҳарф: Ҳ
Ҳарф: Д
Ҳарф: А
Ҳарф: Т
Дар мисоли зер, бо ҳар як гузариши нав, қимати тағйирёбанда ба рақаме аз диапазони муайяншуда зиёд карда мешавад:
f = 12 for i in range(1, 6):
f += i print(f)
27 Давраи "for i in range(1,6)" панҷ маротиба иҷро мешавад (6 дохил карда нашудааст). Дар ҳар як қадами давр, тағйирёбандаи f ба i зиёд карда мешавад. Қимати ибтидоии f 12 аст. Дар давр, қимат тағйир меёбад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё