АСОСҲОИ АЛГОРИТМ ВА БАРНОМАСОЗӢ БО ЗАБОНИ PYTHON

Кортежҳо
Кортеж (tuple) пайдарпайии тартибдодашудаи унсурҳо мебошад.
Баъди сохтани кортеж унсури онро бевосита иваз, илова ё нест карда наметавонем. Кортеж барои нигоҳ доштани як гурӯҳи қиматҳои вобаста, масалан, ном ва санаи таваллуд, мувофиқ аст.
user = ('Карим', '16.08.2013') print(user)
one_user = ('Ҳаким',) print(one_user) Натиҷа:
('Карим', '16.08.2013')
('Ҳаким',)
Сана дар ин мисол сатр аст ва дар нохунак навишта мешавад. Барои кортежи якунсура вергул зарур аст. Агар дар дохили кортеж рӯйхат бошад, муҳтавои он рӯйхат метавонад тағйир ёбад; тағйирнопазирии кортеж маънои тағйирнопазирии ҳамаи объектҳои дохили онро надорад.
Луғат (dict) маҷмуи ҷуфтҳои «калид: қимат» мебошад. Бо калид қимати мувофиқро мегирем. Дар мисоли зер номи синф калид ва номи хонандагон қимат аст.
myschool = { 'синфи 5': 'Омина, Фарҳод, Дилафрӯз', 'синфи 6': 'Карим, Рухшона, Диловар'
}
Илова кардани калиди нав myschool['синфи 7'] = 'Амриддин, Манижа, Дӯстмурод'
Иваз кардани қимати калиди мавҷуда myschool['синфи 6'] = 'Тобон, Салмон, Раҳмон, Парвин'
print('Калидҳо:') for key in myschool:
print(key)
print('Қиматҳо:') for key in myschool:
print(myschool[key]) Натиҷа:
Калидҳо:
синфи 5 синфи 6 синфи 7 Қиматҳо:
Омина, Фарҳод, Дилафрӯз
Тобон, Салмон, Раҳмон, Парвин
Амриддин, Манижа, Дӯстмурод
Калид бояд айнан яксон навишта шавад: 'синфи 6' ва 'синфи 6 ' аз сабаби фосилаи охир ду калиди гуногунанд.
Машқҳои мустақилона
Луғате бо номи «Меваҳо» эҷод кунед. Унсурҳои луғатро ба се гурӯҳ ҷудо намоед: «меваҳои маҳаллӣ», «меваҳои ситрусӣ» ва «меваҳои тропикӣ». Ба ҳар гурӯҳ якчанд намуди меваро дохил кунед. Сипас, аввал калидҳои луғат ва баъд ҳамаи унсурҳои онро нишон диҳед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё