АСОСҲОИ АЛГОРИТМ ВА БАРНОМАСОЗӢ БО ЗАБОНИ PYTHON

Ҳар ду ҳудуд ба фосила дохил мешаванд. Ҳангоми иҷроҳои гуногун натиҷа метавонад дигар шавад; масалан, дар яке аз иҷроҳо 7 мебарояд.
Функсияҳои стандартӣ
Функсияҳои print, int ва round дарунсохтанд. Функсияҳои дигари математикӣ дар модули math ҷойгиранд; барои истифодаи онҳо import math лозим аст.
Барои пайваст кардани ин модул, аз фармони import (load the module)
- import math истифода баред.
Дар зер баъзе функсияҳо барои кор бо рақамҳо оварда шудаанд:
abs(x) қимати мутлақро меёбад; int(x) қисми касриро ба сӯи сифр мепартояд; round(x) ба адади наздиктарин гирд мекунад ва ҳангоми баробарии фосила адади ҷуфтро интихоб мекунад. math.floor(x) ба поён, math.ceil(x) ба боло гирд мекунад. math.sqrt(x) решаи квадратии адади ғайриманфиро меёбад. Аргументҳои функсияҳои тригонометрӣ бо радиан дода мешаванд.
Барои дастрасӣ ба функсияҳо, аз қайди нуқтаӣ истифода баред: номи модул ва сипас номи функсияро, ки бо нуқта ҷудо карда шудааст, муайян кунед:
Масалан, баъди import math фармони print(math.sqrt(25)) натиҷаи 5.0 медиҳад.
Машқҳои мустақилона
Ҳарорат бо дараҷаҳои Селсий дода шудааст. Барои ҳисоб кардани ҳарорати мувофиқ бо дараҷаҳои Фаренгейт барнома нависед. Формулаи табдилдиҳӣ: – tF = 9/5 * tC + 32.
Қимати ифодаи дар расм овардашударо ҳисоб кунед. Додаҳоро тавре интихоб кунед, ки ҳамаи махраҷҳо ғайрисифр бошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё