Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Бале, Наташа бояд ҳамаашро донад, – илова шуд ба он аз пештари зал.
Боз чанд лаҳзае ба хомўшӣ гузашт.
– Марҳамат, боз кӣ гап мезанад?
Аз як гўшаи зал дасте баланд шуд.
– Марҳамат.
Пирамарде бархоста саросема гуфт.
– Ман ҳам чанд бор Иванро бо Наташа дидам. Лайлию Маҷнуни таппа-тайёр. Ҳатто ду-се бор дидам, чӣ хел ҳамдигарро ба оғўш кашида мучӣ карданашона, беҳаёҳо, гўё хона надошта бошанд.
Зал ба ҷунбиш омад. Касе сахт хандид. Мўйсафед ранҷид.
– Чӣ механдӣ? Ман росташа гуфтам. Гапи ман тамом! – Вай нишаст.
Дигар ягон кас чизе илова накард. Ниҳоят ба чунин қарор омаданд: агар ягон кас ягон чизеро фаҳмад ё ба хотир орад, фавран ба шўъбаи милитсия ё прокуратура хабар диҳад...

Димоғи Раҷаб сўхтагӣ буд. Вай аз ин сўҳбат умеди калон дошт. Хости дилаш нашуд. Ба болои сўхта – намакоб гуфтагӣ барин кинояи ҷонишини прокурор «Заб номақулие фикр карда баровардед. Ин қадар одамро аз кор мононда ...» ба ў сахт алам кард.
Раҷаб ба коргоҳ омада чанд муддат бедимоғ нишаст, паси ҳам сигор кашид. Ниҳоят ... – коғазпораи аз хонаи Сорокин ёфтаашро бо маҳлули махсус кор карда баромад. Дар рўи коғазпора нақше пайдо шуд. Чеҳраи Раҷаб кушода, тумани осмони дилаш пароканда шуд. Коғазпораро ба халтачаи полиэтилинӣ ҷой карда ба мақсади муаян кардани он, ки дар рўи коғаз изи панҷаи марҳум ё қотил аст ё не, ба экспертиза фиристод.
Вай ин корро бо ҷаққонӣ анҷом дода ба соаташ нигарист...
«Оҳ-ҳо, чоряк кам шаш-ку. Аз Салим ҳанўз дарак нест» – аз дил гузаронд ў.
Ин дам дар кушода шуда, худи Салим даромада омад. Хотираш парешон буд.

пешина
аз 315
навбатӣ