ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
– Имрўз танҳо ҳастӣ? Ошноҳоят наменамоянд? – пешхизмат мехост донад, ки ба миҷози доимӣ ва ошноҳои ў чӣ шуда бошад.
– Ба ману ошноҳоям ҳеҷ гап нашудааст. Ма, пулата гиру зуд шох шав. Ин қадар дар таги гўшам ғинг-ғинг накун, – Саид ба каҳр як биступанҷсумаро таққӣ ба болои миз зад.
Ин дам дари ошхона кушода шуда марди қоматбаланди чорпаҳлў, ки дар болои манаҳаш ба мисли ҷўйчаи хурд захме дошт, ҳамроҳи ҷавонзани ба худаш ҳамқаду қомат ворид гаштанд. Саид мардро дида дилаш таҳ кашид. Худро чунин вонамуд сохт, ки ўро надидаст. Истаконро пури арақ карда ба як дам нўшид. Як ғурўша пиёзро ба таги биниаш бурда бўй карду боз ба истакан арақ рехт. Инро ҳам нўшида даст ба хўрок бурд. Ду-се бор ба он сараму дилам қошуқ зад. Иштиҳояш кўр шуда буд. Аз ҷо бархост. Ду-се қадам монда буд, ки сараш чарх зад. Илоҷе карда худро дошт ва калавида-калавида ба берун баромад. Ба сару рўяш шамол зада қадре ба худ омада бошад ҳам, лекин тасаввур карда наметавонист, ба куҷо равад. Ба хона! Ба ин аҳвол боз ба куҷо мерафт? Албатта, ба хона.
Саид калавида-калавида худ ба худ ким-чиҳо гуфта ҷониби хонааш раҳсипор шуд.
Калидро бо азобе аз кисааш бароварда дарро мекушоям гуфт, ки он пештар кушода ва дар остона сурати одаме пайдо шуд.
– Ташвиш накашед. Дар кушода. Бемалол даромадан гиред!
Саид ба худ омад. Лекин ба чизе сарфаҳм нарафт. Ин овози шинос аз куҷо? Шояд саҳв карда бошад? Ба хонаи худаш не, ба хонаи бегона омада бошад? Вай худро аранге ба даст гирифта: – Ме... бах... шед! – гуфта қафонокӣ гаштанӣ буд, ки дастони пурқуват ба гиребонаш амбурвор тоб хўрда ўро даруни хона кашиданд. Дар роҳрав Саид одами дар рў ба рў бо қаҳр рост истодаро дида тамоман ба худ омад, кайфаш парид, аз он мастии чанд лаҳза пештара осоре намонд. Ҳайкалвор беҳаракат меистод. Онҳо хамин тавр муддате хомўшона ба чашми ҳамдигар нигариста монданд. Дар чашмони яке тарсу ҳарос макон дошт, аз чашмони дигаре оташи ғазабу адоват меборад.
– Чаро ба милитсия хабар надодӣ? – хомўширо вайрон карда гуфт мард. – Тарсидӣ? Ман аз аввал медонистам, ки ту номард, буздил ҳастӣ. Нагуфта будам, ки кори мо, ҷамъияти мо буздилиро намепарастад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё