ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Ман ба сафи армия даъват шудам.
Умеда гуфт, ки вай имсол албатта дохил мешавад.
– Беҳтараш, маро нигарон шав, оям, ҳамроҳ дохил мешавем,
– гуфтам ба ў.
– Чаро? Агар имсол наравам, маро ба шавҳар хоҳанд дод. Худат дида истодаӣ-ку, раис ааллакай чанд бор ба хонаамон одам монд, – гуфт ў маҳзунона.
– Аз даҳонат шамол барад, – гуфтам бо табассум ва афзудам:
– Майлаш, ҷони ширин, орзу дорам, ки дохил шавӣ...
– Хавотир нашав, туро интизор мешавам. – Ин суханҳои Умеда умеди калони дилам шуданд.
Дар ибтидои хизмат аз Умеда ду-се нома гирифтам. Номаҳои аз муҳаббат саршор. Вале чӣ шуду дар нимсолаи дуюм номанависӣ қатъ гардид. Ба номаи аввал... дуюм... сеюм... посух нагирифтам.
Тобистон рухсатӣ омада... ўро пайдо накардам. Чанд бор ноаён ба ҳавлиашон дуздида нигоҳ кардам, бо умед он ки ... шояд... шояд лаҳзае ўро бубинам. Вале Умедаро не, занҳои кабутпўшро дидаму дилам таҳ кашид. Кӣ мурда бошад? Падараш? Не, ўро дина аз дур дидам.
Тоқатам тоқ шуду аз модарандарам пурсон шудам. Вай, ба суолам посух надода, аз таги курпаҳои рўи сандуқ варақи чорқатшудаеро берун кашида ба дастам қапонд.
– Инро кӣ дод? – намедонам, барои чӣ, ки бо ҳарос пурсон шудам.
– Умеда.
– Худаш куҷост? Чаро наменамояд?
– Вай... – модарам ба сукут рафта ва ниҳоят ба баландии деҳа шора карда афзуд. – Вай дар он ҷо.
– Нафаҳмидам.
– Хон, номаашро хон, мефаҳмӣ.
Худро базўр ба даст гирифта, варақро бо дастони ларзон во кардам. «Олимҷони азиз! – менавишт Умеда. – Муҳаббати аввалину охиринам. Алвидоъ! Чӣ хуш, ки дар ин лаҳзаҳои талхи умр ту дар ин ҷо нестӣ. Набину насўз. Мехоҳам дар дилу дар ёди ту, чуноне ки будам, бимонам. Маро ба бадӣ ёд накун. Бубахш, ки номуси хешро ҳифз карда натавонистам, оҷиз будам. Барои ҳамин маргро авлотар донистам. Азизам, бош умре дар амонӣ, манат рафтам, ту ҷовидон бимонӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё