Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Умедаи ноумеди ту.»
Ин сатрҳоро хондаму дунё лаҳзае пеш назарам торикистон шуд. Мехостам бо тамоми овоз фиғон кашам, вале... Худоё, ин чӣ бераҳмист, ки ба фарзанди инсон раво дидӣ? Чаро мани сағира, бекасу кўйро бадбахт гардондӣ? Чаро ин қадар сангдилу бераҳмӣ? Рўи падару модарамро сер надида... Ба сад орзую ҳавас дўст дошта... Аз ҳамаи неъматҳои зиндагӣ бенасибам гардондӣ.
Бигў, поён дорад ин ҳама ҷабру ҷафои ту? Бигў, эй фалак қаҷрафтор? Чӣ кор кунам?...
Аз байн чанд рўз сипарӣ гашт. Ман қариб ҳар рўзи худо дар сари қабри Умеда будам. Тасодуфро бинед, ўро низ паҳлўи волидайни ман ба хок супурдаанд. Бисёр лаҳзаҳо бидуни ихтиёр сар ба болои турбати ў гузошта ўро садо мекардам. Вале ... ба худ омада мушти маломат ба сар мезадам. Аз ин фарёди ҷонкоҳ чӣ суд. Дигар ў ҳеҷ гоҳ садо намедиҳад, намеояд, ҷониби ман табассуми ширин намекунад...
Рўзе аз модарандарам пурсон шудам.
– Кӣ ўро ба ин ҳол овард?
– Писари раис, – кўтоҳ посух дод вай.
– Баро чӣ?
– Мегўянд, ки вай умуман ба Умеда нияти хонадор шудан надоштааст. Мехостааст бар қасди ту, ятимча, ўро... беномус кунад. Барои ҳамин гирди хонаи онҳо парвона будааст. Чун мефаҳмад, ки Умеда сайди ромшаванда нест, зўрӣ ба кор мебарад. Шабона ўро баста мебараду нисфи шаби дигар оварда ба назди хонаашон партофта меравад. Баъди ин Умеда...
Пиразан хомўш монд.
– Разилон! – дандонҳоям ғичиррос заданд.
– Духтар банангу номус, ки буд, маргро авлотар донист – модарандарам гапашро бо ҳамин суханҳо хулоса кард.
– Ўро ҷазо надоданд? – пурсидам боз.
– Ҳҳ. Ҷазо куҷо, писарам? Шоҳид надорад гуфта... Писари раис-да, бачем...
Ман дигар чизе напурсидам. Ба хаёл рафтам. Дар дилам андешае пайдо шуд, ки он парвандаи сарнашударо ман худам кушоям ва то ба охир расонам, ба хотири рўҳи поки дилбарам.
...Вале чӣ афсўс, ки то анҷоми рухсатиам рўзҳо башумор монда буд.

пешина
аз 315
навбатӣ