Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Оҳ, ин мансаб! Бузургворе беҳуда нагуфтааст, ки агар одамро хубтар шинохтан хоҳӣ, ба ў мансаб бидеҳ!...
Хубаш, шаф-шаф нагуфта, шафтолуи гапро гўям.
Ў сарвари яке аз корхонаҳои азим буд. Ман бо он коргоҳ ҳини рўзноманигор буданам борҳо рафта, навиштаҳои зиёдро ба табъ расондам. Вале вай он вақт роҳбар не, ҳамааш шуда устои смена буд. Боре ба тўҳмате печида шуд, қариб буд, ки аз болояш парвандаи ҷиноӣ кушоянд. Рўзгору фаъолияти кориашро хуб омўхта ба қавле мўйро аз хамир чудо карда очерке навиштам.
Ҳамон очерк сабаб шуду аз бори тўҳмат халос ва обрўву эътибораш бештар гашт.
Ва ниҳоят баъди даҳ сол мо боз ба ҳам рў ба рў омадем. Бо амри тақдир ману ў дар яке аз ташкилотҳои баобрўй ба ҳайси намояндагӣ аз мардуми ду маҳал шомил шудем. Дар муҳокима ва ҳаллу фасли бисёр масоили мубрам ширкати якҷоя доштем ва бисёр вақт нуқтаи назарамон ба ҳам мувофиқ меомад. Ҳини мулоқотҳои танҳо, алалхусус сарии як пиёла чой ў борҳо мегуфт:
«Бародар, агар рухсатӣ бароед, зану бачаҳоро гирифта ба тарафи мо биёед. Шукр, ки бўстонсарои хуби чор кас ҳавас мекардагӣ дорем. Дар соҳили рўди Сайҳун, боду ҳавояш тоза. Ду-се ҳафта баҳузур дам гирифта асабҳоро ором карда бо неруи тоза бармегардед».
Ва дар як тобистон, вақте ки ҳаво дар марказ гарму токатфарсо буд, ман рухсатӣ гирифта ба назди дўстам рафтам, албатта бе зану фарзанд. Андешаи «ба як пуф маҳтал будааст, худаш кам буд, ки боз...» нагузошт, ки ин корро ба худ раво бинам.
Вай маро хуш истиқбол гирифт. Гилагузорӣ кард, ки зану бачаҳоро наовардам. Гуфтам, ки насиб бошад, дафъаи дигар. Дар бустонсаро беҳтарин ҳуҷраро, ки рў ба рўи дарё буд, бароям ҷудо кард. Чанд рўзе, ки он ҷо мусофират доштам, саҳару нисфирўзӣ, бегоҳӣ ҳамроҳам буд, меҳмондорию меҳмоннавозиро ба дараҷаи олӣ ба ҷо овард. «Бародар» ва баъзан «муаллим» гўён лутфу меҳрубонӣ ва навозиш мекард ва зиқ шудан намемонд.
Ба ростӣ, каме дар ҳиҷолат мондам. Ман, як қаламкаши оддӣ, ин гуна лутфу эҳсон ва меҳрубониро чӣ тавр мегардонда бошам?
Ҳарчанд, ки борҳо «Бародар, узр, ки шуморо хеле бесаранҷом кардам, ташвиш накашед» гўям ҳам, вале вай бо табассум мегуфт: «Ташвиш куҷо, ако. Меҳмон атои худост, рисқаш аз пасаш кашола шуда меояд».

пешина
аз 315
навбатӣ