ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Боқӣ чӣ гўям? Гап бисёр. Боз аз хатхонӣ монда нашавӣ мегўям. Худат мегўӣ, ки мо дар гап усто. Гапат дуруст. Агар нависам гўям, садҳо саҳифа пур мешаванд.
Хайр, ҷони ширин, ҳамдами розҳои дили ман. Туро ғоибона ба оғўш мегирам ва нарм-нарм мебусам.
То боздиди наздик!
Акбари меҳрубони ту!
Ҳамин ки номаро гирифтӣ, зуд ҷавобашро навис. Ман дар Душанбе ҳастам ё дар Конибодом, ин фарқе надорад. Лекин нома мемонад. Вай фардо аз боби муҳаббати поку беғубори мо ҳикоят мекунад. Ишқро оғоз ҳасту анҷом нест!!!
30 июли соли 1972.
Муаллифони ин номаҳо баъди 24 рўз ба висоли ҳамдигар расиданд. Инак, бисту панҷ сол аст, ки онҳо зиндагии якҷоя доранд.
Соҳиби чор фарзанд ва се набера ҳастанд. Илоҳӣ ба умрашон баракат диҳад. Ба шумо ҳам, хонандаи азиз!
Соли 1997.
«ДЎСТИ ДЕРИНА»
Дар ин дунё на ман монам, на он шоҳу на он султон,
Бимонад ҷовидон меҳру муҳаббат, хубии инсон...
Ману ў дўстони дерина ва қадрдон будем. Барои чӣ «будем»?
Барои он ки, гумон мекунам, имрўз аз он деринагию қадрдонӣ ҳеҷ чиз намондааст, ба ҷуз хотира, хотираи мағжушу тира. Намедонам, шояд ў ин риштаро кайҳо барканда буд, ки мани содда ва зудбовар бехабар мондам. Вале... ман ба ҳамин карибӣ дустиро бо ў кандам, аз беху бунаш кандам. Безорам аз дўстие, ки кундааш ковок аст. Гумон доштам, ў ҳамонест, ки ... Вале аз куҷо медонистам, ки мансаб чашми одамро кўр, муҳаббати инсониро дур мекардааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё