Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Хайр, ғоибона дастатонро мефишурам.

Бо эҳтиром Акбар
Душанбе, 9 апрели соли 1972.


Дуруд аз Конибодом!
Ассалом, мўҳтарам Акбар Ҳасанович!
Аз сатрҳои нахустини номаи хеш мехоҳам аз ҳолу аҳвол ва кору бори шумо воқиф гардам. Саломатиатон чӣ тавр, корҳоятон ба чӣ ранг аст?
Нома ва ҳамроҳи он расми шуморо гирифтам ва аз ин хеле сипосгузорам. Бале, Акбар Ҳайдарович! Ман ҳам шуморо ғоибона бо тавассути хоҳарам Матлуба ва язнаам Ҳафиз мешиносам.
Шумо ваъда кардед, ки ба вилояти мо меоед. Марҳамат, нури дида, тоҷи сар. Шумо ҳини сафар имконият пайдо мекунед, ки ба шаҳри начандон калон, вале зебо ва тозаву озодаи мо ошно шавед. Шуморо Сирдарё, кўҳҳои кабуд ва лолазорони зебо, марғзорони сабзу хуррам истиқбол хоҳанд гирифт. Имрўзҳо бо фарорасии баҳори оламафрўз долу дарахтон ҳама қабои рангин ба бар кардаанд. Атрофу акноф ҳама сабзу хуррам, зебову мунаққиш. Он чӣ табиат эҳдо кардааст, гумон мекунам, ба илҳоми шумо беасар нахохад монд.
Ба шумо боз чӣ нависам. Дар номаи аввал ҳаминаш кофист.
Аз ин рў иҷозат диҳед, бо ҳамин сатрҳои кўтоҳ номаамро ба анҷом расонам ва ба шумо сиҳатии бардавом ва дар корҳоятон комёбиҳо таманно намоям.

Бо эҳтирому самимият, Саодат.
То боздид!
12 апрели соли 1972


Салом аз Душанбе!
Саодатхон! Пеш аз ҳама шумо ва аҳли хонаводаатонро ба иди баҳору шодӣ – иди Якуми Май аз дилу ҷон табрик ва муборакбод менамоям.

пешина
аз 315
навбатӣ