Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Пас оши ваъдагӣ чӣ мешавад? Кай мехўрем?
– Мехўреду дертар, – бо қаҳр посух дод зан.
– Дуруст гуфтед, хонум. Ошро дар хона мехўрем. Хайр, хуш монед. Ба Назир-ако, ба падари ширин салом гўед.
Гўширо ба ҷояш мондам.
Аҷаб дунёе, аҷаб сару савдое!
Пагоҳ ба ватан бармегардам. Рўзи дигар пеш аз ҳама Меҳрӣ вориди дафтари кориам мешавад. Албатта, аз падараш, аз падари ширинаш пурсон мешавад. Ба ў чӣ гўям? Рост гўям? Дурўғ гўям?
Ту чӣ маслҳат медиҳӣ, хонандаи гиромиқадр!...

Солҳои 1991-1994

НОМАҲОИ МЕҲР

Чанд сол муқаддам ба дастам тасодуф ҳамин номаҳо афтоданд. Баъди мутолиа ба чунин хулоса омадам, ки онҳоро бо андаке ихтисор пешкаши хонандагон гардонам.


Ассалом, шиноси ношиноси ман!
Ба шумо аз пойтахтии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе менависам. Шумо бо гирифтани ин нома шояд дар шигифт монед, ки ман кистам, аз куҷо Шуморо мешиносам. Вале ин ҷои ҳайронӣ надорад. Ба Шумо ҳамааашро мефаҳмонам.
Ман шуморо ба воситаи бародари ҷониам Ҳафиз ва ҳамсари ў Матлубахон ғоибона мешиносам ва эҳтиром дорам.
Саодатхон! Ҳоло дар хусуси оянда сухан рондан, албатта, бармаҳал. Лекин, ҳар чӣ ҳам бошад, ман бовар дорам, ки маро ҳаёти ширин ва рўзгори нек дар пеш аст. Шумо маро надидаед, ман ҳам шуморо надидаам. Аз ин рў, сухане дар хаққи ҳамдигар гуфтан, аз эҳсоси дили ҳамдигар огоҳ шудан ҳоло бемаҳал аст.
Мувофиқи ваъда ва хоҳиши дўстам Ҳафиз агар ҳаёт бошем, охирҳои апрел ва ҳеҷ набошад аввалҳои моҳи май ба диёри Шумо ба сафари хизматӣ хоҳам рафт. Ин аввалин сафари ман ба шимоли кишвар мешавад. Мехоҳам дар бораи одамони меҳнатии зодгоҳи шумо як силсила очерку мақолаҳо нависам. Тавассути дуову мехрубониҳои шумо ин мақсади банда ҷомаи амал хохад пўшид.

пешина
аз 315
навбатӣ