Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

МАСХАРАБОЗ
(Қисса)

Кўҳҳо низ, аз бисёр ҷиҳат, ба одамон монанданд. Чун одамон хислату рўҳияи хешро доранд. Баъзе, мисли ашхоси туршрў абрў дарҳам кашидаанд ва чунин менамояд, ки имрўзашон чандон форам набудааст. Дигараш касро бо чеҳраи кушод истиқбол мекунаду ҳаму рангу бори фараҳбахшашро пешкаш месозад. Ана, ин шахҳо тимсоли шахси афсурдаҳолеанд: аз байни сафедии барфи хушки анбўҳ дандонҳои сиёҳи сангҳояшон ба назар мерасанду шохаҳои насрин, ки иҳотаашон кардаанд, сихҳои пушти ҷайраро ба хотир меоранд…
Муродалӣ Сафаров аз забони лоли ин сангҳо ривоятҳои аҷибе мешунавад. Замоне дар ин ҷо қалъаи қадимае буд ва дар он паричеҳрае мезист, ки дар олам назир надошт. Бадбахтона, духтар аз қалъа баромада наметавонист, зеро деви мудҳишу маккоре ҷодуяш карда буд. Ўро танҳо бо як роҳ – беҳад нағз дидану барояш суханони нотакрор, бале, бале, нотакрори муҳаббат гуфтан озод кардан имкон дошт. Ҳар як калимаи изҳори муҳаббатомез қодир буд хиштеро аз девори қалъа беҷо кунаду батадриҷ роҳи раҳоии духтар кушода шавад.
Дилдодагон омаданд, шоирону ровиёни моҳир омаданд, садсолаҳо кўшиданд, ки духтарро озод кунанд, вале касеро ин кор муяссар нагашт. Суханони ширину рангин мисли муҳраҳои пурбаҳои муҳаббат ба тори нозуки баён кашида мешуданд, хиштҳо, паси ҳам аз девор афтода, рўи замин пош мехўрданд. Лекин, дере нагузашта, ошиқон ба такрор роҳ медоданд ва вайронаи девор барқарор мешуду деви ваҳшатбор ононро тўъмаи хеш менамуд...
Мегўянд, ки озод кардани духтар ба як кўҳистонибачаи оддӣ муяссар гардид. Ҷавони аз оташи ишқ беқарор шоирона ба сухан даромад, он ҳусни дилбарро ба гулҳои хушрангу табиии кўҳсори тоҷик, майсаҳои маҳин, маҷрои нуқрасони рўдҳо, ки дурахшон аз кўҳсор ба водиҳо ҷорӣ мешуданд, ташбеҳ дод.

пешина
аз 315
навбатӣ