ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
– Ин шармандаҳоро шинохтед?
– Шинохтам, духтарам, шинохтам, – кампир сар ба дар афканд.
– Оҳ, мани шарманда! Бо падару бародарам ифтихор мекардам! Акнун ба рўи мардум чӣ хел, бо кадом рўй нигоҳ мекунам, холаҷон? – фиғони Адолат боз боло шуд.
– Аз шармандагӣ худо нигоҳ дорад, духтарам. – Ту шарманда не, шарманда ин ду марди ҳузарб. Шарманда – зиндагии мо, зиндагии ноҷўри мо… Биё, хона дароем. Ором шав, бигў, ки ин ҳама хобу хаёле буду гузашт… Кампир Адолатро ба хонаи дарун даровард.
– Дар долон овози милиса, ки бо телефон гап мезад, танин андохт:
– Алло, рафиқ подполковник! Капитан Мастонов гап мезанад!
Амалиёт бобарор анҷом ёфт. Бале, меҳмонони нохондаро дастгир кардем. Бе талафот, фақат Бахтиёр камтар захмин шуд. Ҳа, ҳамон… Ҷароҳаташ вазнин нест. Албатта, аз номи шумо ташаккур мегўям. Шахсияти меҳмонҳо? Ҳа, маълум шуд, ҳарду ҳам одамони худӣ… Оре, аҷаб коре, аҷаб дунёе, рафиқ подполковник.
Аҷаб дунёе…
Солҳои 1999-2001.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё