Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Модар:
– Пас зуд чоята хўру бирав. Боз ба ягон ҷои дигар рафта намонад.
– Есть, рафиқ маршал! – Бахтиёр даст ба чакка бурда, бо қадамҳои низомӣ ба ошхона рафт. Росторост як пиёла қандчой ва нону панир хўрда, зуд аз паи иҷрои супориши модар шуд.

Падар дар тараддуди куҷое рафтан буд. Вай баъди ба дастархон омин карда, аз суфа поён фуромада ҷониби дарвоза рафт.
Ва… дар остона ба Адолати рангпаридаю хавопарешон рў ба рў омад. Ўро дидан баробар як қад парид. Ба гиребонаш туф кард. Адолат ҳоли зоре дошт. Вай падарро дидан баробар ҳунгосзанон худро ба оғўши ў партофту кўдаквор ба гиря даромад.
– Чӣ шуд, духтарам? Чаро гиря мекунӣ? Дар ин саҳари мардон аз куҷо? – чанд суолро қатор кард падар.
Бародари Адолат, ки ҳанўз дар болои суфа ҳайрон рост меистод, ба худ омада, давида наздик омад.
– Бахайр аст, хоҳар? Ягон кас хафаат кард? Чаро гиря мекунӣ?
Адолат ҳамоно гиря мекарду гиря. Падар аз сари китфаш дошта, ҷониби суфа роҳнамунаш сохт:
– Канӣ, бас кун. Кўдак барин нашав. Ту – занаки каппакалон, худата ба даст гир… Канӣ, саросема нашуда ба мо фаҳмон, чӣ шуд?
Адолат, лаби кўрпача амонат нишаста, оби дидагонашро пок карду ҳодисаи шаби гузаштаро ҳикоят кард. Падару писар ба ў халал нарасонда, то охир бодиққат гўш доданд.
Адолат, ҳикояти ғамангезашро ба охир расонда, бо тараҳҳум ба рўи падару бародар нигарист.
– Гўед, акнун чӣ кор кунам?
Падар даст ба манаҳ бурда, онро анбўртоб кард. Бародар, лабонаш пир-пир парида, ким-чӣ гуфтанӣ буд, лекин ба даҳани падар нигариста хомўш монд. Баъд, гўё ба мусибати хоҳар сидқан шарик бошад, ҷонибе нигоҳ карда, зери лаб ким-киро ҳақорат кард.

пешина
аз 315
навбатӣ