Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Чӣ хел гап, оча?
– Баъд, баъд мегўям.
– Дар ин ҷо гуфта намешавад?
– Не, баъдтар мегўям.
– Не, то нагўӣ, як бурда нон ба даҳан намебарам.
– Хайр, гўш кун. Чоята ки хўрдӣ, рафта аката ин ҷо меорӣ.
– Тинҷӣ ҳаст, оча?
– Бисёр савол нате.
– Росташа пурсида истодаам. Ё ягон васият доред?
– Ҳоло барои васият фурсат аст. Ман дигар гап дорам. Ба ҳамаатон.
– Хайр, намешавад, ки бо телефон хабар кунем.
– Ҳе, соддае. Агар телефонаш кор мекард, ҳоҷати туро ба хонаи ў фиристодан набуд. Як рўз кор кунад, даҳ рўз не. Кор кунад ҳам, телефон карда наметавонӣ, ҳама аралашу баралаш, хонаи замбўр барин.
– Хуб, оча. Аз шумо як ишорат, аз мо ба сар давидан. Лекин агар пурсанд, ки чаро саҳар қати ба очаҷонам лозим шудаем, чӣ ҷавоб гўям?
– Ҳеҷ чиз нагўй. Шишта бошӣ, хез гўй, хеста бошӣ ба роҳ баро гўй.
– Оҳ, оча. Расо воҳима кардӣ-ку. Хайр, илтимос, нўги гапро кушо. Ба ягон кас намегўям.
– Не, ман даҳони бефаровези туро хуб медонам. Дар даҳонат гап намеистад. Дар ягон ҷо зуд лақида мемонӣ.
– Хайр, майлаш, ихтиёрат, оча. Нагўӣ, нагўй. Ман ҳам гап дорам. Шояд аз гапи ту ҷиддитар бошад.
– Медонам, медонам гапи ҷиддии туро. Боз ягон масхарабозии дигар будагист.
– Не, оча, масхарабозӣ не, ин дафъа ҷиддӣ. Шояд аз гапи баҷоии шумо дида ҷиддитар бошад.
– Хўш, канӣ шунавем.
– Не, намегўям.
– Нагўӣ, нагўй. Мурдам акнун барои гапи ҷиддии ту!
– Шумо нагуфтед, ман ҳам намегўям.
– Набошад кай мегўӣ?
– Фурсаташ ояд, мегўям. Лекин нағз мекунӣ, ки акома ба ин ҷо ҷеғ мезанӣ. Гапи ман мегуфтагӣ ба ун кас ҳам дахл дорад.

пешина
аз 315
навбатӣ