Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар ду тарафи шаҳр ду гўшаки телефон ҳамзамон ба ҷояшон гузошта шуданд.

Адолат ба истгоҳи микроавтобусҳо ворид шуда, ба соаташ нигарист: ҳафту ним. Микроавтобуси ба самти ў равона наменамуд. Якаш омад. Мусофирони бисёре ба ҳуҷум гузаштанд. «Дигарашро нигоҳ кунам, дер мешудагист. Хубаш илоҷе карда, ба ҳаминаш нишинам, даҳ-понздаҳ дақиқи рост истода равам, ҳеҷ гап не. Раҳораҳ мошин камодам мешавад». Бо ҳамин андешаҳо Адолат, илоҷе карда, дохили мошин шуд. Марде, ки дар курсии назди дар менишаст, андаке ба рафиқи ҳампаҳлўяш ҷафс шуда, ба Адолат ишора кард, ки нишинад. Адолат «ташаккур» гуфта, ба он ҷо амонат нишаст.
Мошин ба ҳаракат даромад. Адолат хост садсўмаро ҷониби писараки пулчин дароз кунад, ки ин дам овози омирона ва шиносе ба гўшаш расид:
– Ҳамсоя, ташвиш накашед, ман ба ҷои шумо ҳам додам!
Адолат, сар боло карда, дар қатори мобайн чашмаш ба он ҷавони шилқин афтод. Кайфаш парид, фиғонаш ба фалак печид, димоғаш ба тамом сўхт. Аз савор шуданаш сар бор пушаймон гашт. «Аз куҷо пайдо шуд боз ин бало ба сари ман?!» – барқсон аз сараш гузашт ва, худро базўр ба даст гирифта, ба ронанда муроҷиат кард:
– Илтимос, дар ҳамин ҷо нигоҳ доред.
Вале ронанда, шояд муроҷиати Адолатро нафаҳмид, ки ба ҷои истодан газро баланд кард.
Адолат аз он ки мошин суръат гирифт, қадре ба ғазаб омада, овоз баланд кард:
– Рафиқ ронанда! Нафаҳмидед, ман чӣ гуфтам?
– Не, нафаҳмидам, янгашка. Тинҷияй? – аз оинаи пеши мошин дандонҳои кирмхўрдаи заб-зардашро нишон дода, табассуми хунук кард ронанда.
– Ин хел бошад, братан, ана дар ҳамин астановка мануш бикун, – гуфт нимғазаболуду нимшўхӣ Адолат.
– Ҳамин хел абрашат кунӣ, намешавад? Гапуш қоқай, янгашка. Мунда фарқуш не. Куҷода ки хоҳӣ, мануш мекунум. Пула дода бошӣ, шуд.

пешина
аз 315
навбатӣ