Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Айнакӣ то даме, ки қатора охирин бор фиғон кашида, ниҳоят оҳиста-оҳиста ҷониби шарқ ба ҳаракат даромад, перронро тарк накард. Қатора торафт дур рафта аз назарҳо нопадид мегашт.
Айнакӣ акнун бовар ҳосил кард, бовар кард, ки қатора ба роҳ баромад, Акбар рафт, ба роҳи дур рафт. Кай меояд, инро худо худаш медонад.
Баъди фосилае перрон ва толори мусофирон қариб ки тиҳӣ гашт. Айнакӣ рўзнома – «балогардон»-ашро «вазифата адо кардӣ, акнун бало ба пасат» гуфта ғиҷим карда ба ахлотқуттӣ ҳаво доду зери лаб пичиррос зад: «Хайрият, рафт. Ё раб, мадад! Оқибаш ба хайр шавад!» ва бо қадамҳои устувор ҳамчун шахси дар бозии аввал ғолиб аз толор берун шуд ва шитобон ҷониби телефони пулакӣ роҳ пеш гирифт.

Баъди фосилае дар ду тарафи шаҳр аз гўшаки телефонҳо чунин гуфтугў радду бадал гашт:
– Алло!
– Ҳа. Ту-мӣ?
– Бале, ман…
– Шер ё рўбоҳ?
– Шер, шери нар. Рафт!
– Аниқ?
– Бале, худам гусел кардам!
– Бисёр нағз. Адолат ҳам рафт?
– Бале, рафт. Лекин қариб буд, ки…
– Чӣ? Вай туро дид?
– Диду… аз ҳайбатам тарсид ва хушбахтона, нашинохт…
– Муттаҳам! Нагуфта будам, ки ҳоло ҳам хомӣ. Агар мешинохт…
– Вақти шинохтан надошт. Гуфтам-ку, аз афту андомам қариб буд, ки талхакаф шавад!
– Хайр шуд, аз худ нарав. Акнун метавонем ҷасурона ба амалиёт сар кунем. Тез ба ҳамон ҷои гуфтагиям биё. Торикӣ нафуромада ба роҳ мебароем.
– Дуруст, роҳамон анча дур. Қадре бензин мегираму зуд расида меоям. Интизор шавед.

пешина
аз 315
навбатӣ