ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
– Пулаш додагӣ. Дар мошини шумо Ҳотами Тойҳо бисёр, – Адолат бо киноя ҷониби ҷавони шинос нигоҳи сард партофта, баробари манъ кардани мошин худро ба берун зад.
Мошин рафт. Адолат канори роҳ гузашт, то мошини дигареро истоёнаду роҳашро давом диҳад. Дилаша гургон тала мекард.
Бо касофати ин нобакор аз роҳ мондам. Бачаҳоям чӣ шуданд. Дугонаамро хуб безор кардагистанд. Илоҳӣ тинҷ бошанд-да» – худ ба худ андеша мекард Адолат ва ҷойи нишаст намеёфт.
Микроавтобус дур рафта бошад ҳам, вай ҳанўз аз қафои он бо ҳарос менигарист. Боз мабодо он нобакор мошинро манъ кунаду фаромада ўро думболагир шавад.
Вақте ки мошин дар гардишгоҳи хиёбони Айнӣ аз назар ғоиб гашт, Адолат оҳи сабук кашида боз чашм ба роҳ дўхт. Интизорӣ тўл накашид. Ба бахти ў як микроавтобус дар истгоҳи «Ватан» аз мусофирон холӣ шуду роҳашро ҷониби вокзал давом надода, аз омади кор хурсанд худ аз ҳамон ҷо ақиб гашт. Ва Адолат дар қатори чанд нафар интизорони дигар ба он савор шуд. Дар курсӣ ба ҳузур ҷой гирифт. Тори андешаҳои ноҷур боз ба асабҳояш нохун заданд. «Ин махлуқ кӣ бошад? Чаро вай ба ман ин қадар ширеш барин часпидааст? Мақсадаш чӣ? Ё… ягон чизро пай бурда бошад. Ману Акбар дар вокзал бо овози баланд ягон гапи ўро ба ваҷд меовардагӣ нагуфтем. Вале ў аз куҷо донист, ки шавҳари ман боз ба Руссия рафта истодааст? Худо накунад, ки вай дар куҷо зиндагӣ кардани маро донад. Набошад, каппаам ба пуштам мешавад. Аз дасти инҳо ҳар кор меояд. Э, кош тезтар ин шаб саҳар мешуду пагоҳа худаш он амонатиро ба қишлоқ бурда ба дасти дадом медодаму аз ташвиш халос мешудам. То омадани Акбарҷон гўшҳояш ором мешуданд. Наход вай … аз паси ман шуда бошад? Чашмонаш беҷо, бозӣ мекунанд. Худи ки сари чанд касро хўрда, хонаи чанд бечораро оташ зада бошад. Ҳа, аз дасти ин хел одамони афташон хунук бисёр балоҳо сар мезананд. Худоё, худат дар паноҳат нигоҳ дор».
Бо ҳамин андешаҳои дарҳам-барҳам Адолат дар назди бинои ҳаштқабата аз мошин фуромад.
Баъди чанд лаҳза Фирўзу Фирдавсро аз хонаи дугонааш, ки дар ошёнаи якум мезист, гирифта, ба тарафи чапи роҳи калон гузашт, дастони фарзандонаш ба даст оҳиста-оҳиста тарафи бинои чорошёна роҳ гирифт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё