ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хондан– гуфт.
- Гуфта намешавад, як огоҳ карда монам гуфтам-да, – ҷавоб дод ў.
Занги дар баланд шуд. Менглиқул дарро кушод. Аз паси дар як духтари нозуктабиати қаду қоматаш зебо, ки чашмони осмонирангаш дилрабо буданд, намоён шуд. - Канӣ, даро, Ингаҷон, – гўён Менглиқул ўро ба хона таклиф кард.
- Саодати шумо биёяд, имшаб базми ҷамшедӣ мешавад-а, ҷўраҷон, – гуфт Менглиқул ба Салим муроҷиат карда.
- Ҳа, бад намешудагӣ барин? – ҷавоб дод ў.
Дере нагузашта Саодат ҳам пайдо шуд. Инга ўро дида авзояш дигар гашт, ба Менглиқул нигаҳи маънидорона карда ба дигар хона даромад. Менглиқул ҳам ба ҳамон хона рафт.
Салим намедонист, ки Инга телеграфистка шуда кор мекунаду сабаби ба хонаи Менглиқул омаданаш, ба матни телеграммаи додаи Саодат вобаста аст. Саодат Ингаро дидан баробар дасту по хўрда буд. Вай мехост ба Салим фаҳмонад, лекин гап задан мумкин набуд. Дере нагузашта Менгликулу Инга ба назди онҳо баромаданд. Менглиқул худашро хушҳол вонамуд мекард. Ҳама ба сари миз ҷамъ омаданд. Менглиқул ба қадаҳи Инга ва Саодат шампан, ба худаш ва Салим коньяки арманӣ рехт. Қадаҳҳоро ба даст гирифта гуфт: - Нагуфтам, ҷўра. Базмамон имшаб ҷамшедӣ мешавад, давомаш боз аҷибтар мешудагӣ барин! – Биёетон, менўшем, дунё гузарон аст. Кайфу сафо мемонад!
Қадаҳҳо бо ҳам бархўрданд.
Вақти нўшонўшӣ Саодат фурсати қулай ёфта ба пояш, пои Салимро сахт зер кард. Салим ин ишораро фаҳмид.
Пас аз нўшидани қадаҳи якум Менглиқул қадаҳҳоро боз пур карда каме дағалона: - Инашро барои он менўшем, ки ба дўстон гўшту пўст, ба душманон заҳри халоҳил шавад, ҳамту не «ҷўра», – гуфт вай калимаи «ҷўра»-ро дароз ва ташдиддор таллафуз карда.
Салим аз ин суханҳо дар зери коса нимкоса буданро пайхас кард. Қадаҳҳоро бардоштанд. - Албатта, гуфти шумо шавад, – гўён Салим ба дигарон мунтазир нашуда қадаҳро холӣ кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё