Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Саодат тезутунд шудани гуфтугўи Менглиқулро ҳис намуд.

  • Мебахшед, сарам чарх зада истодааст, иҷозат диҳед, ман равам, – гўён аз ҷой бархост.
    Ин рафтори Саодат ба Менглиқул писанд наомад.
  • О, не, хонум Саодатхон. Акнун шумо дигар ба ҳеҷ куҷо намеравед. Бо ҳамроҳии Салим ба ҷаҳаннам меравед, – гўён ба як ҷаҳиш пеши роҳи ўро гирифт. Салим ба қиём расидани масъаларо дарк карда чунин хулоса баровард: «Дигар ҷои сабр нест, амал бояд кард».
    Ў бо усули самбо Менглиқулро бо як зарб зада аз пой афтонд ва ба Саодат рўй оварда гуфт:
  • Зуд, ба шўъбаи алоқа рав. Тафтиш кун, канӣ телеграмма рафтааст ё не? Агар не, аз нав деҳ!
    Саодат дартоз аз хона берун шуд. Инга тарсида аз хона фирор кард.
    Дар хона Менглиқул ва Салим танҳо монданд.
    Пас аз он, ки Салим Менглиқулро аз пой афтод, вай базўр аз ҷо бархост. Чашмонаш аз косахонаи сараш давида баромада, дандонҳояш ғиҷиррос мезаданд, аз шиддати ғазаб Салимро зинда ба зинда фурў бурдан мехост.
  • Саги бўйгир. Акнун, ки будани Менглиқулро ба ту нишон медиҳам, – гўён ба Салим дарафтод. Онҳо якдигарро бераҳмона муштборон мекарданд.
    Бори дуюм ҳам Салим ўро аз пой афтонд.
    Менглиқул бештар бо ғазаб омада аз ҷой нимхез шуд ва шишаи холиро гирифта ба лаби миз зада шикаст ва бо нимшохааш ба Салим ҳамла кард.
    Салим дастархонро аз болои миз кашида чолокона ба рўи Менглиқул ҳаво дод. Дастархон сару рўи ўро печонида гирифт, сари калобаашро гум кард. То дастархонро аз сараш гирифт, ки Салим ба тезӣ ҳар ду дасти ўро ба ақиб тофта, бо тасма мустаҳкам баст, хобонда пойҳояшро ҳам баст, ба даҳонаш лата хаст.
    Баъди анҷоми ин корҳо вай портфелро, ки аз рўзи ба хонаи Менглиқул омаданаш дар кунҷе мехобид, кушода ҳамаи чизҳои дар даруни он бударо ба болои миз афшонд. Ғайри чашмдошт дар болои миз ба ғайр аз як тўда соатҳои тилло ва ғайри тилло чизи дигаре набуд.
пешина
аз 315
навбатӣ