ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Натиҷаашро бегоҳӣ омада маълум кун.
Саодат розӣ шуд.
Салим хурсанд буд, ки ба ягон хатогӣ роҳ надод. Вай пай мебурд, ки Менглиқўл тамоми рўз хотирпарешон аст. Ба Салим ҳам мисли рўзҳои пештара хушмуомилагӣ намекард.
Салим ба хулосае омада буд, ки илоҷе карда портфелро кушояду даруни вай чй буданашро фаҳмида гирад. Сабаби аз хонаи Менглиқул нарафтанаш ҳам дар ҳамин буд. Ў фикр мекард, ки санги қимматбаҳои Сорокин бояд ҳатман дар даруни портфел бошад. Салим дар кушодани ин гиреҳ, ба ёрии Саодат умед баста буд.
- Фикрат беҷо не, ҷўра? Фақат амалӣ карданаш амри маҳол! – гуфтани Менглиқул ба назари Салим чунин намуд, ки гўё Менглиқул мақсадашро пай бурда бошад, дилаш ба тапидан даромад.
- Кадом фикрам? – пурсид бо тааҷҷуб аз Менглиқул.
- Мехоҳӣ Менглиқулро фиреб кунӣ ё дар ҳайрат мононӣ. Не, ҷўраҷон, тушбераро хом шумурдӣ! Ту ҳеҷ кор карда наметавонӣ! Ин гапро ба ту, Менглиқул, яъне ман мегўям! – гуфт дасташро ба сари синааш зада.
- Намефаҳмам? – Дар хусуси кадом фикр гап мезанед?
– пурсид Салим худро бещтар ҳайрон вонамуд карда. - Худатро ба нодонӣ назан! Одам бе мақсад ба ягон чиз ин қадар синча карда нигоҳ намекунад, – гуфт Менглиқул.
Салим ҳоло ҳам нафаҳмида буд, ки Менглиқул дар кадом хусус гап мезанад. Агар дар масъалаи портфел гап равад, вай умуман ягон бор ба вай нигоҳе ҳам накарда буд. - Ягон гап дошта бошед, кушоду равшан гўед, гапҳои пардапеч ба ман маъқул не? – гуфт Салим бо ҷиддият.
- Дар шўъбаи ҷавоҳирот зиёда аз ним соат истода, ба чизҳои қиматбаҳо синча карда баъд баромада дар атрофи чарх заданатро фаромўш кардӣ? Ман дарҳол фаҳмидам, ки чи мақсад дорӣ! Инро аз майнаат дур кун! Дар ин ҷойҳо мушкил!
Аз ин гап дили Салим каме ором шуд: - Шумо ана дар бораи чӣ гап мезанед? – гуфта коҳ-коҳ, хандид, – Менглиқул-ако! Хавотир нашавед, ман ибораи «Намак хўрдӣ, макун туф дар намакдон»-ро медонам, бе маслиҳати шумо як қадами беҷо намемонам!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё