ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Ҳар се даст ба рўй кашиданд ва лаҳзае хомўш нишаста, пас бархостанд.
Олимҷон боз лаҳзае ба қабри азизони хеш нигарист. Дилаш бухс кард, хориаш омад. Ва ногоҳ аз умқи дилаш ин нидо берун шуд: «Кӣ гуфт, ки ин диёр, ин замин ба вай бегона аст? На, ин фикри ботил аст. Охир, беҳтарин, ширинтарин ва бебаҳотарин одамони ў дар ин ҷо мадфунанд. Не, вай хато мекунад. Вай вазифадор аст, ҳақ дорад, ки соле ақаллан як бор, ин ҷо ояд, натанҳо ба ин ҷо, ба водии хомўшон ояд. Вазифадор аст, ба поён фарояд, ба назди зиндагон равад, макони хуни нофаш рехтаро зиёрат кунад. Охир, касе ўро аз деҳа наронда буд ва ҳоло ҳам касе дар ин ҷо фаромўшаш накардааст. Бисёр аст ўро мешинохтагиҳо».
Олимҷон рўй ба деҳа гардонд ва ғайричашмдошт нидо кард:
– Рафтем!
– Ба куҷо? – аз ин амри ногаҳонӣ ба шигифт монд ронанда.
– Ба деҳа.
– Дуруст мекунед, раис. Охир, роҳатон ба дунё аз ин деҳа сар шудааст. Чӣ хел инро фаромўш кардан мумкин?
– Дуруст мегўед, Ғулом-ака. Меравем. Аввал – ба масҷид, сипас – ба ҳавлии мо...
Онҳо аз қабристон берун шуданд.
Мошин рўнишеб шуд.
Борон меборид...
Борони майда...
Ноябри соли 1989.
ҲАЙКАЛИ ХОТИРА
Агар бе ишқ будӣ ҷони одам,
Кӣ будӣ зинда дар даврони олам?
Низомии Ганҷавӣ.
Дар толори васеву мунаққаши доншигоҳ шаби назм ба вуқўъ
пайваст. Меҳмонон – донишҷўёни донишкадаи омўзгорӣ чанд қатори пешро банд карда буданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё