Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

... – Дигар ба ин тарафҳо наомадам, гўед, – ниҳоят риштаи суханро ба даст гирифт ронанда.
– Не, не, чаро? Ман омадам, як бор не, ду бор не, чанд бор.
Лекин ба қишлоқ надаромада мерафтам. Оромгоҳи азизонамро зиёрат мекардаму ақиб мегаштам. Лекин чор соли охир омада натавонистам.
– Писари раис чӣ шуд? – боз пурсид ронанда.
– Ҳа, ҳа, қариб ўро фаромўш кунам. Ман... қасоси Умедаро гирифта натавонистам. Аниқаш... ба ин эҳтиёҷ намонд. Баъди се моҳи марги Умеда ваю ҷўраҳояш бо мошинашон ба дарёи Зарафшон рафтанд. Мурдаи се нафарашро баъди як моҳ ёфтанд, лекин мурдаи писари раисро наёфтанд. Ҳамин тавр ... вай худаш ба худаш ҷазо дод.
Мошин ба баландӣ, ба майдончаи тахту ҳамвор баромад.
– Ҳамин ҷо истед, – амр кард Олимҷон.
Мошин истод.
Олимҷон дастаи гули лоларо гирифта, аз мошин берун баромад.
– Ман ҳам меравам, – гулдаста дар даст хитоб кард Умедҷон, ки ба ҳикояти падар чандон сарфаҳм нарафта гаранг шуда буд.
Онҳо секаса болотар баромаданд ва баъди фосилае вориди қабристон шуда, аз байни қабрҳои наву кўҳна роҳ гирифта, ба охири теппа расиданд. Олимҷон истода гуфт:
– Ана, расидем. Мана, дар ин ҷо падару модари ман мадфунанд. Ана, дар паҳлўи онҳо – Умеда, ҳў, ана, он тарафтар падарандару модарандарам.
Олимҷон гулдастаро кушода лолаҳоро болои қабри Умеда пош дод.
Рафтори падар Умедаро ҳайрон сохт.
– Ба дигар қабрҳо чӣ? – пурсид ў.
Олимҷон хомўш монд.
– Соҳиби ин манзил лоларо бисёр дўст медошт.
– Ман ҳам пош диҳам, майлаш, дада?
– Майлаш, писарам.
Умед ҳамчунин кард.
Ҳар се болои сабзаҳои навруста биншастанд. Ронанда чорзону зад. Олимҷон Умедро амонат ба бағалаш гирифт.
– Аузубиллоҳи минашайтони раҷим... – ронанда оятеро аз Қуръони маҷид қироат карда, даст ба омин бардошт.

пешина
аз 315
навбатӣ