Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Баъди фосилае қотилон дар дили торикӣ нопадид шуданд.

«Медвед» баъди аз хонаи Саид баромадан мехост ба зудӣ ғайб занад, вале ким-чӣ андешае ўро аз ин роҳ боздошт.
– Не, не! Ў маро мешиносад! Ҳеҷ набошад, суратамро ба сухан кашиданаш мумкин. Ўро ҳам бояд аз сари роҳам дур кунам, баъд баргаштан мумкин. Ҳатман бояд баргардам! – Бо ҳамин қарор чӣ хел ба назди хонаи Наташа омаданашро надонист.
... Наташа баъди ин воқеа барои ба хонааш омадан дилаш ваҳм мекард, метарсид, ки «Медвед» ба сари ў ҳам ягон балоро набиёрад. Аз ин рў шабро дар хона дугонаҳояш рўз мекард.
Ҳамон шаб ҳам ба хонааш наомада дар хобгоҳи дугонааш Светлана, ки ба ҷои кораш наздик буд, монд.
Вай ниҳоят қарор дод, ки пагоҳ баъди кор, ҳатман ба шўъбаи милитсия омада, воқеаи шудагиро хабар медиҳад.
... «Медвед» ба хонаи Наташа наздик шуда назди дар хеле истод. Ҳис кард, кии дар хона касе нест, ноумед шуда ба ақиб баргашт. Аз наздиктарин телефон-автомат ба хонаи ў занг зад. Телефонро касе набардошт. Акнун боварӣ ҳосил кард, ки Наташа дар хонааш нест, «Ба ҷои кораш рафтан лозим. Коре кардан даркор, ки ба маҷлис омада натавонад, ба маҷлис биёяд, албатта, аз аҳволи Саид хабар меёбад. Агар хабар ёбад, кор тамом!» – гўён ба тарафи беморхонаи минтақавӣ равон шуд. Ба беморхона омада аз Наташа дараке наёфт.
«Ҷамъомад ба соати ду муқаррар шудааст. Барои ҳамин ҳам Наташа бояд ҳатман, ба кор биёяд. Дар ягон ҷо пинҳон шуда вақти ба шўъбаи милитсия рафтанаш дар роҳ корашро тамом мекунам» Бо ҳамин андешаҳо дар пушти дарахтони сершоху барги лаби заҳбур, дар рў ба рўи даромадгоҳи беморхона, ки онҷо диққати касеро ҷалб намекард, камин гирифт.
Субҳ дамид. Дар кўчаҳо одамон пайдо шуданд. Ғурриши мошинҳои обпош ба гўш мерасид. «Медвед» пинак нарафта дидбонӣ мекард.
Аз бинои начандон калоне, ки дар паҳлўи чапи беморхона воқеъ шуда буд, Наташа бо ҳамроҳии Светлана баромада, ба беморхона даромаданд.

пешина
аз 315
навбатӣ