Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ўро дар ин ҷо касе намешинохт. Саид бо ў бори авал ҳини ҳукми ҷазоро берун аз ҳудуди республика адо кардан шинос шуда буд, лекин ному фамилияашро намедонист. Фақат ҳаминро медонист, ки лақаби вай «Медвед» аст. Баъди бозгашти ў дере нагузашта «Медвед» ҳам пайдо шуду боз нағмаҳои пештараро давом доданд. Ҳамин ки ягон ҷоро ғорат мекарданд, ў ғайб мезад.
Вақте ки Саид бо супориши ў истиқоматкунандаи қишлоқи Зиракӣ Маҳмадшо Ҳакимовро ғорат карда ба даст афтод, дубора ўро ба ҷавобгарӣ кашиданд. То адои ҷазо аз «Медвед» ягон дараке набуд.
Саид ин дафъа қатъӣ қарор дод, ки дигар ба роҳи бад нарафта, монанди дигарон бо меҳнати ҳалол умр ба сар мебарад. Аммо се рўз гузашту боз «Медвед» аз куҷое пайдо шуд ва ҳамроҳи Наташа ба ошхона рафтанд. Баъди шунидани нақли Наташа «Медвед» таклиф кард, ки хонаи Сорокинро ғорат кунанд.
– Қавл додам, ки ба ин хел корҳо машғул намешавам, монанди дигарон бо меҳнати ҳалол кору зиндагӣ мекунам, зан мегирам, фарзанддор мешавам, – гуфт Саид ба таклифи ў розӣ нашуда.
– Ту ин қавлатро ба кӣ додӣ? – пурсид бо писханд «Медвед»
– Ба худам, ба виҷдонам! – қатъӣ изҳор кард Саид.
– Ин тавр бошад, ба худат, ба виҷдонат гўй, боз камтари дигар сабр кунанд. Баъди ба даст овардани ҳамин чиз метавонӣ табъи дилат кору зиндагӣ кунӣ. Ба ту дигар кордор намешавам.
Ман ҳам аз паи коре мешавам, – гуфт «Медвед».
Саид сар намефаровард. «Медвед» дид, ки намешавад:
– Хайр, майлаш. Сарату равғанат. Лозим набошад, метавонӣ бо ман наравӣ, – гуфт даст афшонд. – Лекин дониста мон, пушаймон мешавӣ.
Саид сукут кард.
– Шуд. Хестем! – Фармон дод «Медвед».
Посе аз шаб гузашта буд. Ҳарду ба назди бинои Сорокин зиндагӣ мекардагӣ омаданд. Чароғи хонаи Сорокин даргирон буд.
Онҳо боло баромаданд. «Медвед» аз ҷайб ду ҷуфт дастпўшаки резинӣ бароварда якашро ба тарафи Саид ҳаво дод.

пешина
аз 315
навбатӣ