Робиъаи Балхӣ

Боре ба қаламрави Балх душманони аҷнабӣ ҳуҷум мекунанд. Амир Ҳорис Бектошро ҳамроҳи худ ба ҷанг мебарад. Робиъа аз вазъи дилдодааш ба ташвиш омада, либоси мардонаи ҷангӣ пӯшида, савора ба майдони корзор меравад. Дар вақти ҷанг Бектош ҷароҳат мебардорад ва хавфи асир афтодан ба ӯ таҳдид мекунад, дар ин лаҳза Робиъа пайдо мешаваду даҳ нафарро кушта, лашкарро ба поймардӣ ва шӯҷоъат таҳрик намуда, дӯстдоштаи худро аз иҳотаи душманон наҷот медиҳад. Дар ин вақт ба ёрии онҳо аскарони амири Бухоро меоянд ва душмани аҷнабӣ мағлуб мешаванд ва амир Ҳорис пирӯзӣ ба даст меорад. Бектош кӯшиш мекунад фаҳмад, ки паҳлавони вайро наҷотдода кӣ бошад?
Аскарони Ҳорис ӯро дида бошанд ҳам, нашинохтанд. Пас аз чанд муддат Робиъа ин дар яке аз номаҳояш ин рози ниҳонро ба Бектош ошкор месозад, ки чӣ гуна вайро аз дасти душманон раҳонид.
Тибқи ривояти Шайх Аттори Нишопурӣ боре Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба Балх сафар мекунад ва Робиъаи Балхӣ аз ташрифи устоди бузурги шеъри форсӣ - Одамушшуъаро огоҳ шуда, ашъори худро ба вай чун армуғон мефиристад.
Устод Рӯдакӣ ашъори Робиъаро хонда, бовар ҳосил мекунад, ки вай шоираи болаёқат ва соҳибистеъдод аст. Пас дар аз қиссаҳои ошиқии Робиъа огоҳ мешавад ва пас аз чанд муддат ба Бухоро бармегардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё