Робиъаи Балхӣ

Ки ҳар вақт обаш овардӣ сабӯе.
Ба ҷойи «турки яғмо» хоса чун моҳ,
Ниҳод он «сурхсаққо»-ро ҳамон гоҳ.
Бародарро чунон дар тӯҳмат афканд,
Ки бар хоҳар назар беҳурмат афканд.
Чу алқисса аз ин бигзашт моҳе,
Даромад ҳарби Ҳорисро сипоҳе.
Сипоҳеву шумораш аз адад беш,
Чу даврони фалак аз ҳасру ҳад беш.
Сипоҳи мавҷзан аз теғу ҷавшан,
Ҷаҳон аз теғу ҷавшан гашт равшан.
Даромад лашкаре аз кӯҳу шах – дар,
Ки шуд гови замин чу хар ба ях дар.
Зи дигар сӯй Ҳорис бо сипоҳе,
Зи дарвоза бурун омад ба гоҳе.
Чу бахти ӯ ҷавон яксар сипоҳаш,
Чу рояш муртафеъ чатру кулоҳаш.
Зафар мешуд зи як сӯ ҳалқа дар гӯш,
Ба як сӯ фатҳу нусрат дӯш бо дӯш.
Сипаҳ алқисса афтоданд дар ҳам,
Ба куштан даст бикшоданд бар ҳам.
Ғуборе аз ҳама саҳро баромад,
Фиғон то гунбади хазро баромад.
Хурӯши кӯс гӯши чарх кар кард,
Замин чун осмон зеру забар кард.
Замин аз хуни хасмон лолазоре,
Ҳаво аз тираборо лолазоре.
Ҷаҳонро пардае бар ғоб ҷаста,
Зи кушта пеши бурғе боз баста.
Аҷал чангол ба ҷон тез карда,
Қазо бар кина дандон тез карда.
Ҳувайдо аз қиёмат сад аломат,
Гирифта дев қомат з-он қомат.
Даромад пеши он саф Ҳорис он гоҳ,
Ҷаҳоне пурсипоҳ овард дар роҳ.
Сипаҳро чун ба як раҳ ҷумла кард ӯ,
Даромад ҳамчу шеру ҳамла кард ӯ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё