Сояҳои шикаста

Тамоми анвои гулҳои хушбўю хушрўй дар он рўида. Ў, танҳо, бо ҳавас ба ин манзара тамошо мекард ва гул меканд ва дар дастҳои нозуку сафеди тифлонааш ғун мекард.
Насим куртаи сурхи парниёнияшро меларзонд ва мўи сиёҳчатобашро парешон мекард. Ў башавқ хам мешуду рост мешуд ва дасташро аз гулҳои зебову хушбў пур менамуд.
Баногоҳ аз дур модараш, ҳамон шакле, ки ўро охирин бор дар қаҳри хотирааш ҷой дода буд, пайдо гашт. Ў торафт ба сўи тифли худ меомад. Яздонпараст аз шодӣ дилаш лабрез гашт ва аз ҳисси он ки танҳо буд, дилаш пур шуд, хост гиря кунад, вале натавонист. Ба сўи ў давид, ҳеҷ набуд, ки ба ў расад ва аз дилтангиву андўҳ фарёд зад.
– Оча, биё. Ма, ин гулҳоро гир. Ваъда деҳ, ки дигар маро танҳо намемонӣ.
Модар дар назди ў пайдо шуд. Ў гулҳоро ба сўи ў дароз карда.
– Гир, оча, рост, дигар маро танҳо намегузорӣ.
Ў ҳис кард, ки модараш ғамгин аст, ва ҳоло ҳунгос зада гиря мекунад ва ўро дар оғўш гирифта, пахш мекунад.
Вале модар нагирист, танҳо ба чеҳраи ғамангез ва бо дили пурандўҳ ба писараш нигарист.
– Оча, ки туро ранҷонд? Гў, кӣ?
– Ту, ту доим гиря мекунӣ ва маро меранҷонӣ.
Ман гулҳоятро намегирам, ту худат онҳоро бў кун, ва дар хонаи хобат гузор, то дар машомат бўи гул расад ва андўҳатро барад ва ашкатро хушконад.
– Ман онҳоро барои ту чидаам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё