Сояҳои шикаста

Зеро Худованд гуфт: «То онро бар ҳамаи динҳо ғолиб гардонад, агарчи мушрикон ба он кароҳат доранд…»
Ин садои пурхашму пуртамаи писарамўи пайғамбари як даста тозиёни ваҳшиву даёдуи биёбонҳо буд.
«Эй мардум, Худованд шуморо ба забони пайғамбари хеш ҷанги хусравону қайсаронро ваъда додааст. Бархезед, ҷанг бо форсро соз кунед».
«Оё бо як китоб?!» Ў соҳиби ин қаламро мешиносад. Ўро даруни боғи Яздигурд шинохта буд. Ў буд, ки изтироб мегуфт: Магар бо як Китоб мешавад дунёро гирифт?! Ў Борбад буд, ки дар кишвари ошно Салмонро бо номи худаш гирифт: – Рўзбеҳ.
Даруни зулмати шаб ин садо баланд мешавад.
… бо як китоб!… бо як китоб?… бо як китоб…
Кавираҳо пур мешаванд аз ин каломи машкур.
Рег меҷунбад зи ҷой. Бод дудолуд мерақсад зи дунболи фано.
Мурлиспанд!..
Ў наъра мекашад танҳо … бо як китоб?!.
Шаҳри Шатранҷгун ба қаъри дуд фурў меравад.
Шўълаҳо аз миёни китобҳо сар мекашанд. Авроқ ба дарё мераванд. Фақат аз баҳри як китоб.
Ва зане дар либоси осмонӣ аз миёни ин оташу дуд боло меравад бо нидои нафратбор.
«Худро раҳондан наҷот нест! Гурехтан бардагист!»
Ў Аноҳито буд, ки болои забонаҳои оташи лолагун мерақсид.
Ў модараш Салмон буд, ки даруни шўълаҳо мегудохту ба нафрат, ба даъват фарёд мезад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё