Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– МУРЛИСПАНД!
Ва ў дар худ меларзад. Садое аз лабонаш метаркад: Оё бо як китоб?
Ва мебинад даруни ин оташ лолазор боғи Маздакро.
Шўълаҳои оташи китобҳои муқаддас ба коми худ мекашанд шаҳри Шатранҷгунро. Ва ў дар моварои гареваҳо мешунавад овози худро… «бо як китоб?!.»
Ва ўро таки дави тозӣ аспҳо меояд ба гўш.
Наъра ба дард мекашад: «…бо як китоб?..»
Шутури Сафед мехўрад пешпо.
Боди дудгун мерақсад зи дунболи фано.
Шаҳри шатранҷгун месўзад даруни шўълаҳо.
Чунин аст қонуни кавираҳо.


Зудтар пинак меравад болои курсии роҳат. Чараққаи охирин сози Борбад хомўш мешавад. Лаххаҳо лахча мегарданду лахчаҳо хокистар. Борбад ба андешаи пурбим ва хаёли сангин кафи дастонашро ба панҷараи баланду зебо такия мегузораду ба дурҳо назар медўзад. Маҳтоб бо ранги парида, паси абрҳои бурида гоҳ пайдо мешаваду гоҳ пинҳон.
Ў меомад дар тан либоси миногун, болои Аспи
Сафед рў-рўи лолазорҳо. Ў ғуборолуда саворе буд, ки аз миёни ҷангалистонҳои анбўҳ, ағбаҳои ваҳшатзо, мурдобҳои фиребо роҳ бурида меомад. Танаш афсурдаву чеҳрааш бемор. Ў Яздигурд буд ё Рустам, ки даруни ифтихори худ сўхта меомад. Кайхусраввор ба сўи охирин манзили худ роҳ мепаймояд. Чуқаддас қуллаҳои Албурз Зарандуду ширгун теғаҳои пурнур.

пешина
аз 341
навбатӣ