Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Илоҷ меҷўяд... Наҷот металабад.
Аз садои навҳаву ханда, гиряву лоба бедор мешавад. Дарди забони буридааш аз нав оғоз мегардад.
Аз боз кардани чашмони камнури хушку фурурафтааш метарсад, мабод дубора ба воқеияти зиндагии фоҷеабораш баргардад. Мабод дубора ин дунёи харобшудаву бераҳмро бубинад. Мабод... Вале аз садои даҳшатбори чархбол беихтиёр чашм кушод.
Чархбол дар масири кўчаи асосии деҳ хеле паст парвоз мекард ва гоҳ-гоҳ садои мусалсал ба гўш мерасид. Мўйсафед қувваи аз ҷой хестан надошт. Гўё ҳанўз дар тасарруфи кобусҳои хеш буд. Ў метарсид, ки мабод касеву чизе пардаи мавҳуми хаёлашро бидараду вориди кобусҳояш шавад. Не, дарду доғи худаш ўро бас аст! Эй кош ин деҳ барои абад хомўшу холӣ мемонд.
Чархбол баланд шуду рафт. Ва заифе гирякунону лобакунон даруни кўчаҳои холии деҳ аз таъқиби хандаҳои лаззатҷўву таҳқиргар мегурехт. Ў ба ваҳшат фарёд мезаду мегурехт. Вале касе набуд, ки ба имдодаш расад. Мўйсафед ҷон дар рамақ надошт. Фарёди имдодталабонаи сунҳораш, арўси писари калониаш Фарҳод, ўро фалаҷ карда буд: «Пас ў ҳанўз зинда аст, пас ҳанўз ўро накуштаанд, пас ҳанўз ўро таҳқир мекунанд, пас ҳанўз саг соҳибашро наёфтааст! Худоё, ин ҷабр ба қавми Лут нарафта буд...»
Ин ҳама ранҷу азобу таҳқир диданҳо дар талаби ту магар подош аст? Ё имтиҳон аст?
Имтиҳон аст... «Ҳар кӣ азиз, ў хортар...»
Аз оҳи сард хуни бар даҳонаш шахшуда роҳи нафасашро гирифт. Ва сурфаи хушк ханҷараашро даронд.

пешина
аз 341
навбатӣ