Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Тавзеҳот

Лақаби подшохони сурёнӣ
*
Нинус ё Намруд ибни Канъон-марде далеру шуҷоъ аз насли Ҳом бинни Нўҳ. Ў хост бо Худои осмонҳо ҷанг кунад. Худои таъоло пашшагон фиристод ва лашкари уро шикаст дод. Боз ба Худой награвид, кибр кард. Худованд пашшаи заифро бифиристод то мағзаш мехўрд.
*
Монӣ(216 м.-277м.)асосгузори дини монавӣ.
*
Виличидан- ҳаракати касрат дар ваҳдат.
*
Соли 640 ҳ. Тоуни одамкуше дар Басра ба вуҷуд омад ва муддат чаҳор рўз тўл кашид:Рўзи аввал ҳафтод ҳазор ,рўзи дуввум ҳафтоду як ҳазор, рўзи саввум ҳафтоду се ҳазор ва рўзи чаҳорум як нафар беш боқӣ намонда буд.
(Ибни Ҷавзӣ «Суфут-ас-суфўҳ»)
*
Номи микрубҳои дар назари аввал гўё безарар,вале воқеан ангезандаи варамҳои саратонӣ.
*
Бино ба нақли «Бундаҳишн» ва «Динкард» растохези Ирон аз Гангдиж оғоз хоҳад шуд, зеро яке аз писарони Зартушт бо номи Хуршедчеҳр онҷост ва аз онҷо лашкари Пашутанро ба вопасин набард роҳнамои хоҳад кард.
*
Кайхусрав, Гев, Гударз, Пашутан ва Гаршосп ки ҷузви ҷовидонон ҳастанд рўзи вопасин хоҳанд бархост ва Сушёнатро дар кори навсозии ҷаҳон ёрӣ хоҳанд кар ва аз партави фарри Эзадӣ ки бо онон аст,дурўғ раст барбаста зиндагии човидонӣ ва минўӣ оғоз хоҳад шуд.
*
Мазори Хоҷа Исҳоқ дар деҳаи Махшевади ноҳияи Айнӣ

пешина
аз 341
навбатӣ