Сояҳои шикаста

Малкушон
Нависандаи шинохта Муҳаммадзамони Солеҳ дерест, ки дар замини баруманди сухан чун деҳқони асил хомакашӣ мекунад. Офаридаҳои нависандаи пуркор сатҳӣ нестанд ва онҳо дар хумдони дил ва зеҳни ишон чун лаъли музоб гудохта шудаанд. Ин аст, ки дустдорони сухан ҳикоя ва повестҳойи ўро бо унвони «Сарви Кишмар», ва Оҳанги шаҳри ишқ мутолеа карда аз онҳо лаззати маънавию бадеии зиёд гирифтаанд.
Шеваи навиштор, оҳанги гуфтор, кутаҳбаёнии муассир ва баландғоягӣ арзиши асарҳои ўро афсудааст.
Хоса дарди бузурги инсон ва ҷомеа дар ҳар асари нависанда бо обу ранги нав таҷаллӣ намудааст. Асотир фалсафаи хушбинона, маънии таҳдор, дарди замон ҷавҳари осори ўст. Ў дар насри имрўзаи мо навпардоз аст:Меҷўяд, месўзад ва месозад, то аз суханаш бўи хомӣ наояд. Чанде пеш пора аз романи «Малкушон»- и нависандаи суханвар дар рўзномаи «Кайҳони ҳавойӣ»- и Ҷумҳурии исломии Эрон ба табъ расид. Инак, мо порае аз ин романро чун як барги сабз пешкаши дўстодорони нуктасанҷи каломи бадеъ мегардонем.
НОМАҲО
1 Ҷаноби Духтур!
Осмони хокистаргун ба замин часпида буд. Боди тунд хоки хўразадаро ба ҳаво мебардошт ва мўйсафеде тани танҳо, хаставу ваҳшатзада, гандидаву пуртаафун гирдогирди шаҳр мегашт ва намеораст ба он ворид шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё