Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ва оби ширгарму гулрангвор метаровад. Пилкҳои аз бехобиву дард варамидаи Аҳмад Ниё сангин мешаванд. Ў аз бемадориву заъф эҳсоси бехуди мекунад. Дигар аз хилоли резиши оби гарму гулгун садои ба нудрат кўфта шудани ҳалқаи дарашро мешунавад. Пашутан аст, ки ба суроғи ў омадааст. Оре паси дар Пашутан истода буд ва ҳалқаи дарро мекўфт. Ин дўсти кўдакии Аҳмад Ниё донишманди риштаи кимиё буд. Дигар ў ҳам бо кўфтани ҳалқаи дар қаноат намекунад ва бо беҳавсалагӣ фарёд мезанад.
– Аҳмад Ниё!
Вале Аҳмад Ниё бо худ шудааст ва аз бекаронаҳои андешааш наҷво кардани садои пурдардашро мешунавад: Эй кош мешуд раҳо кардан ин равони пурдарди Офаринишро Ва шустушу додан хешро дар нури зулоли Хуршедҳо Ва парвоз кардан ба сўйи Гарудмони бедардиҳо.
Биё ба ман, эй духтари Беҳрўз Эй сақат карда орзуро
Эй ба мотам кашида равони Офаринишро Биё бо ман
Даме дар Ҷайи обҳои поку шаффоф Аз худ раҳо шавем...
Танҳо, бе ту ба шаҳри орзуҳо расидан мушкил аст...
– Аҳмад Ниё!
Вале Аҳмад Ниё дигар садоеро намешунид. Оби гулгуни вон ўро бурда буд. Ва дар ойинаи телевизиюн тандиси ҳавлангези Бўисҳок менамуд.
феврали 1994

пешина
аз 341
навбатӣ