Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Пашшаҳо ҳар лаҳза тағйири физиюложик мекунанд! Дигар тухми онҳо дар рўҳи зинда русух кардааст! Дигар рўҳи инсон таҷзияву фосид мешавад! Наход чаҳон ба замони интизории хеш омадани Хуршедчеҳр расида бошад? Худро ба Гангдиж мебояд расонд! Вале дар замон фикр кард, ки ў дигар он марде нест, ки худро ба Гангдиж бирасонад. Аҳмад Ниё барои абад фосид гардида ва дар ҳолати таҷзия шудан аст. Дигар кори ў сар омадааст. Фақат барои Лола пайғоме бояд гузошт ва баъд аз ин дунё яксар раҳо шудан! Бо як ҳу! Аҳмад Ниё сари миз нишаст, коғази рангпаридаеро пеш кашид. Килк бо каҳолат ва сангинӣ рўйи когаз мелағжид. «Лола, ман ба натиҷае расидам, ки ту дигар набояд орзуи модар шудан кунӣ, бақои башар бо зойидани ту марбут бошад ҳам ту набояд муртакиби он шавӣ. Мо дигар қодир ба зодани инсони озод нестем. Дигар маҳсули меҳри ману ту зояндаи кобусҳои сомӣ хоҳад буд.
Мо бо издивоҷи худ бар печидагиҳои чаҳон хоҳем афзуд.Ҷовидонон ба Гангдиж ҷамъ омадаанд. Башар фақат бояд чашм ба роҳи ишон бошад... Шояд Ишон дар роҳанд!!! Озодагонро онҳо ба дунё хоҳанд овард, зеро дар инҷо афкори бузург, озодагӣ, эҳсоси отифии инсон зинда ба зинда мепўсад, фосид мешавад. Аз ин ҷо фақат бўйи ганд меояд. Ва инсоне ки як зарра дар худ эҳсоси шарофатмандона дорад, бояд аз муқобили ин ҷо бигзарад».
Ва ҳарфҳо рўи коғаз магаси пароканда мешаванд ва ба чор тараф мехазанд.
Ва Аҳмад Ниё барои раҳо шудан ваҳшатзада худро ба хонаи саршўйи мекашонад...
Ва ҳарфҳо аз қабати китобҳо берун хазида ба рўйи фарш мерезанд. Ин ҳарфҳову суханҳо дигар магасҳои бепару бол гардидаанд.

пешина
аз 341
навбатӣ