Сояҳои шикаста

Ў ҳам паси панҷара ваҳшатзада сўйи берун менигарад, ин садоҳоро мешунавад, ин дарди мағшушро андар ҷамҷамааш эҳсос менамояд, ба яъсу навмедӣ фарёд мезанад: Биҳишт ҳалоли ту бод, ин зиндагӣ ҳалоли ту бод, эй Намруд!
Ва дар ин шаҳр ҳар каси дигаре паси панҷарааш хамчунин изтиробу дардро эҳсос менамуд. Аҳмад Ниё дар ин эҳсосу дар ин дард кашиданаш танҳо нест. Ва он зане, ки ногумон тифли ширхораашро ба коми моҳӣ фиристода буд, хонаашро аз духтарони болиғаш тиҳӣ меёбад. Духтари калонаш дар таҳхона таҳқир дидаву ба сақф овезон буд. Дигар дар гармои таҳхона гандида буд, таҷзия мешуд. Модари фалокатзада аз бўйи бади наъш нафасгир мешавад ва бо доду фарёди имдодталабона ба сўйи хиёбон медавад. Хиёбон пур аз модарони имдодталаб буд.
Мошинҳои рангоранг, на он мошинҳое ки пештар мешинохт, балки сохташон дигар, бо ҷарқу барқи дигар ба ду самт ҳаракат мекарданд. Лаҳзае карахту лол дар ҷояш мехкўб мешавад. Духтарашро даруни мошини пурҷарқу барқи афсаре мешиносад. Балки афсарро ҳам мешиносад. Ў ҳамоне буд, ки шавҳарашро ба ҷону ҳолаш нагузошта бо худ бурда буд, то аз ОЗОДӢ ҳимоят кунад. Ин бор духтарашро мебурд то аз номусаш...
– Дайюсҳо!
Аҳмад Ниё барои худ кашф намуд, ки ҳарфҳову садоҳо ба мисли магасҳо аз даҳони ин зани бечора мерехтанд, онхо қудрати парвоз надоштанд, пару болашон канда буд, ё ҳанўз бол набароварда буданд. Ў барои лаҳзае дарди хешро аз ёд бурда, карахту беҳис дар хусуси ин падидаи лотавсиф фикр мекард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё