Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ва аз ниҳоди Фирдавсӣ фарёде бурун меояд, ки дар ин ҷо эҳсоси бузург занг мезанад.
Ва аз хилоли ин садоҳову овозҳои мағшўшу номаръӣ нидое бармеояд, ки дар ҷое ки дигар одамӣ натавонад дўст бидорад, бояд аз муқобили он ҷо гузашт...
Пашшаҳо дигар Фирдавсиро дар худ печондаанд, дар дилаш коза кардаанд, ўро мехўранд. Дигар аз чашмони биринҷиаш марворид мерезад, аз роҳи димоғаш селаи пашшаҳо дудгун хориҷ мешавад. Дигар муҷассамаи Фирдавсӣ мазори Бўисҳоқ шуда буд.
Боз тамоми воқеъият дар пиндори Аҳмад Ниё ба як руъёи шигифт табдил мешавад. Андеша, яъне сарчашмаи тамомии ҳастӣ ва тамоми воқеияте ки Аҳмад Ниё аз худ меангорад, кобуси ин кобус буд. Ин анбўҳи носер ҳама чизро мехўрад. Чӣ сон фукҳои тавоно! Пас хамсўҳбати номаръияш аз гўшии телефун дуруст таъкид мекард: Беҳуда. Оре ҳама кўшиши ў дар роҳи бегазанду бе осеб гардондани хеш беҳуда аст. Пуч аст. Пучие, ки дар камолаш ба ҳеҷ меанҷомад: яъне талошаш, балки тамоми зеҳнияташ, яъне вуҷуди худаш... яъне ҳеҷ!!! Ва ҳатто вуҷуди он зане, ки ҳанўз болои рўд мелағзад, меларзад, метарсад...
ва тифлаш ба дарё рехтаасту моҳӣ шудааст, балки дар шиками моҳӣ шудааст! Шояд?. Не! Аҳмад Ниё бо сардии мантиқӣ эътироз мекунад, вале бехудона, нохудогоҳ фақат аз рўйи ғариза, ғаризаи зинда мондан, ғаризаи талош кардан ва бақо ёфтан амал менамуд. Ақлаш ба ў маҷол намедиҳад, ки дар хусуси умедҳои модаре нисбат ба фарзанди маҳзуну дар коми моҳӣ рафтааш бияндешад, вале дар хусуси Лола ки имрўз қарор буд ҳамроҳ ба китобхона бираванд, фикр мекунад. Ўро пеши назар муҷассам месозад.

пешина
аз 341
навбатӣ