Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– Ё Иброҳим!..
Ва хуну гарми Исмоил ба сару рўяш пош хўрд.
Кураи Нур Бефуруғ шуд. Аз бўи гарми хун нафасаш гирифт. Ва аз бими мурдан бо талвоса ҳамчун як ҳайвони захмӣ фарёд кашид. Аз олами рўъё бедор гашт, ба худ омад.
Чароғе хира-хира месўхт ва писараш Исмоил болои тахти хобаш ҷон меканд.
Мўйсафед дигар ба ин олами сангини воқеият иртиботе надошт ва осемасар бо авзои бад, беҳушона дар дили шаб тўи кўчаҳои тангу тор мегашт, худ ба худ ҳарф мезад, баҳс мекард ва бо ситеза касеро дашном медод.
– Мустафо, бовар накун! Онҳо дурўғ мегўянд.
Ман худам дидам, ки ҳеҷ гуна гўсфанде набуд. Бубин, ин хуни Исмоил аст, ки ба сару рўи ман пошид.
Иброҳим қотил аст, ба гапи дигарон бовар накун! Ў ягона писарашро кушт. Ту не нагў, охир ман худам шоҳид, ана худат бубин…
Мўйсафед меафтиду мехест, беист аз ин ҳарфҳо мегуфт, то ин ки рўхи зарди субҳ намудор шуд ва садои мутури мошинҳо овози ўро хафа намуд.


Рўз аз нисф гузашта буд. Ҳанўз барф меборид.
Сагча боз бар майдончаи варзиш баргашт ва дар муқобили хонае, ки мўйсафед дар таҳхонаи он таб карда, аноӣ мегуфт, сагҳои серу фарбеҳи хонаҳои гарм бо хашм сўяш менигаристанд, қарор гирифт.
Аз асорати сармо ва гуруснагӣ меларзид. Вале мўйсафед болои «тахти» худ аз таби баланд месўхт, зери оби арақ монда буд ва ҳанўз ҳўше ба сар надошт.
Гўё ҳанўз тўи кўчаҳои шаҳр буд ва одамони зиёде, ки бештар ба ҳангоматалабон монандӣ доштанд, аз пасаш мерафтанд.

пешина
аз 341
навбатӣ