Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ва дар ба деворҳои чубини хона реша давонда, панҷараҳо чун шоху навда ба ҳам печида. Ивон бо ҳазор кўшишу машаққат дарро шикаста вориди хона мешавад. Ва боз Курраи Нури Пурфурўғ ба пайдо меояд ва ҳуҷраҳои ароқгирифтаву дудазадаро равшан мекунад. Ва теғ ба дасти Ивон медурахшад. Исмоил рўи тахти чубин ором хуфтаасту якнавохт нафас мекашад. Дар чеҳраи сиёҳсўхтааш асаре аз ғаму андўҳ мушоҳида намешуд, ў бо ҳазор гуноҳ бегуноҳ менамуд. Шояд дар оғўши рўъёҳои ширину гуворо ва бетаъбиру пургуноҳ буд. Вале Ивон аз шиддати изтироб меларзид ва дар андешааш овози гирифтаву ғуборзадаи Исмоил аз дуриҳои дур ба мисли нўфае садо медод!
«падар, чашмонамро бубанд». Ивон ҳамчунон ин каломро дар фаросўи андешааш менўшид. Аз тарс ба худ меяд, ба атрофаш назар меафканад ва ҷўёи соҳиби овоз мешавад. Вале ба ҷуз худу Исмоили осӣ касеро намебинад. Исмоил ҳамчунон бепарво хуфта буд. «Падар, чашмонамро бубанд» дубора даруни сари пурдардаш овози гирифтаву ғуборзадаи Исмоил буд, ки аз дурии дур, аз қаъри хотираи таърих садо медод. Оре, ин садо овози бегуноҳи Исмоил буд, ки намехост дар назди Иброҳим ин писаркўш осӣ бишавад. Эй дареғ, одам осӣ аст!
Аз ин андеша дасташ ларзид ва дар дами теғаш ҷилои нур шикаст, балки теғи дасти ларзонаш ба мисли алмоси пурқирра дурахшид. Ивон ба риққат омад ва чанд қатра ашк ҳам ба рўи сўхтаву пурожангаш лағжид.

пешина
аз 341
навбатӣ