Сояҳои шикаста

Ў як бор баргашту ба сўи онҳо назар афканад: онҳо ҳама бо як сурати як қолаб будаанд. Ва чун нигоҳаш таи вуҷуди онҳо амиқтар рафт, ҷисми эшонро аз булури сармо ёфт. Ва чанд қатра ашк ҳам гирди чашмонаш ҳалқа зад, дар зуд хурўшиду фарёд кашид. «Ҳанўз Иброҳим барои ин кирдораш қазоват нашудааст!» Ва боз дунболаи роҳашро пеш гирифт, ба хиёбони «Ҳақиқат» ворид шуд. Мошинҳо аз ҳаракат бозистода буданд. Дигар издиҳоми одамакҳои чун булури сармо беранг аз пешаш мерафтанд. Аз асорати сармо буд, ки шиорҳои офтоббардоштаву рангпаридаро бар вуҷуди яхинашон печонида буданд. Ў ба шавқ ҳуруфи шиорҳои тани эшонро мехонд: «БОД! БОД! БОД!!!» Дигар фақат «бодҳо» берун задаанду бас! Ў бо овози баланд ханда мезанад, дар фарҷом бо ҳамон эҳтиросот гиря мекунад: «Эй тапанда мурғҳо ба даштҳо! Эй аз вуҷуди зинда дар шумо монда фақат бодҳо! Оё ҳанўз умедворӣ ба касе доред, ки Иброҳимро барои ин кирдораш қазоват кунад! Эй бодҳо, эй бодҳо!!!» Ў бо ин ханда, бо ин гиря бо ин калом ба сари хиёбон мерасад. Ва шамшерҳо ба мисли қайчӣ мешаванду поин меоянду одамакҳои яхину берангро баробар мекунанд. Дигар тўи майдони «Ҳақақат» ҳама баробар мешаванд. Аз қазо, мебинад, ки тонк бунлодашро тарк мекунад ва рост сўи ў меояд. Ў ба ваҳшат фарёд мезанад: «Не!»
Ва сускҳо ба ҳар тараф мегурезанд. Ва таи гўшаш зўзаи Лойкро мешунавад. Ва шояд ин охирин фарёдаш буд ва шояд охирин бор овози гиряи Лойкро мешунид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё