Сояҳои шикаста

Ва бо тарс дар худ, оре фақат дар худ иқрор мекард, ки «ҳар ки ба хонаи мо даромад, чароғамонро кушт».
Ин натиҷагирии ў фақат хосияти оилавӣ надошт, то ба фаросўи зиндагияш мерасид, балки аз вай ҳам мегузашт, дунёро, дунёеро, ки тибқи пиндори Монӣ торик буд, фаро мегирифт. Онгоҳ вай чун Курраи Нури Пурфурўғ дар баробараш ба пайдо меомаду хитоб мекард!
– Ё Иброҳим!...
Бо шунидани ин хитоби шўразадаву зангзада ларза бар андомаш меафтод ва аз ҳуш мерафт. Ва он лаҳзаҳои бехудӣ марде буд ба умқи ҷангалистонҳои анбўҳ саргардон. Муддатҳо ба ин минвол мегузашт ва вақте ки ба ҳуш меомад худро бари деворе, сари роҳе, зери дарахте меёфт. Ва тарсаш аз нафаҳмидани Мустафо ин роз буд. Аз ин аҳволи зори хеш метарсид. Метарсид, ки касе ўро нахоҳад фаҳмид, балки ба девонагӣ ном хоҳад баровард. Метарсид… аз фарҷоми ин рўъё метарсид…
Дирўзҳам ки дар ҳавои сарду намноки шомгоҳон бо сагчааш сайр мекард, боз ба ў чунин ҳолат рух дода буд. Ва иттифоқан писараш аз он маҳал мегузашт ва падарашро дар ҳолати беҳушиву таб дарёфт.
Шояд дилаш ба ҳолаш сўхт, шояд ғаризаи фарзандияш бедор шуд, ки ўро пуштора ба хона овард.
Мўйсафед як бор чашм боз кард, ҳанўз таҳаммули дар куҷо буданашро накарда буд, ки боз он Курраи Нури Пурфурўғ дар умқи зулмати ҷовидон дар баробараш ҳамчунон рўзҳои пешу чанд соат пеш ба зуҳур омаду хитоб кард!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё