Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Вале мо одамон хеле дер ба худ меоем ва ҳамин чиз ягона умумияти мост. Мо намедонем одаме, ки зиндагии осудаву тинҷ дорад, то чи андоза аз он лаззат мебарад?
(Ситорае лағжиду нопадид гашт)

Вақте ки рўзгор сипарӣ мешавад, танҳо онро дар хаёл оварда ба таассуф имкониятҳои пуросоишро ёдоварӣ мекунем. Мо ҳамин лаҳзаи маҳрумӣ кайфияти он лаҳзаҳои пуросоишро мефаҳмем. Магар ин ҷаҳолат нест? Магар ин карахтӣ нест? Ё зиндагӣ ҳамин зайл бунёд ёфтааст?
(Ситорае лағжиду нопадид гашт)

Занҳо ба мисли тифланд. Аз хурдтарину ночизтарин маломату навозиши мардон мурданивор меранҷанду чу гул мешукуфанд… Онҳо чун тифл. Чун кўдак ба навозиши беғашу пурмеҳр муҳтоҷанд…
(Гулҳои бўронӣ)

Он қадар фарёдҳое ҳаст, ки дар гулўи хушкидаву талхшудаи инсон дар мемонад ва ҳамчун як ҳамли талхи рўзгору сарнавишташ тамоми умр вайро дар шиканҷаву ранҷ медарорад. Ин фарёдест, ки инсон метавонад аз ҷавру азияти худ озод шавад.
(Гулҳои бўронӣ)

Агар шубҳа ҳақ бошад, пас ман ҳам ҳамон тавре ки андешаҳо гўянд, рафтор мекунам. Андешаву ҳақиқат дар асл як чиз аст, вале чарок и мардум дар ҳақиқат будани андеша шубҳа мекунанд. Метарсанд, ки гўянд:
(Сарви Кишмар) – Андеша ҳақиқат аст.

пешина
аз 341
навбатӣ